Мухолифати Фаронса бо иқдоми донишҷӯёни эронӣ барои чоппи тамбри "Ман Муҳаммадро дӯст дорам"
(last modified Thu, 05 Nov 2020 14:06:23 GMT )
Ноябр 05, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Фаронса бо иқдоми донишҷӯёни эронӣ барои чоппи тамбри

Давлати Фаронса ба донишҷӯёни эронӣ барои чоппи тамбри "Ман Муҳаммадро дӯст дорам" иҷозатнома надод.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Форс, ҷамъе аз донишҷӯёни эронӣ дар Фаронса қасд доштанд бар асоси қонунҳои ширкати пост(почта)-и Фаронса тамбре, ки ба вожаи "Ман Муҳаммадро дӯст медорам" оро дода шуда буд барои арзи иродат ва алоқа ба соҳати расули Аллоҳ (а) чоп кунанд, ки тарҳи ин тамбр мавриди таъиди Ширкати пост қарор нагирифт.

Ширкати пости Фаронса тамбри "Ман Муҳаммадро дӯст дорам"-ро ба далели доштани мафоҳими мазҳабӣ рад кард.

Ба гуфтаи яке аз донишҷӯёни эронии муқими Фаронса, бар асоси қавонини пости ин кишвар ҳар фарде дар Фаронса метавонад тамбри ихтисосӣ дошта бошад ва аз он барои умури постӣ истифода кунад вале Ширкати пости Фаронса ба тарҳи "Ман Муҳаммадро дӯст дорам" иҷозатномаи чоп надод.

Нашрияи фаронсавии Шарлӣ Эбдо дар рӯзҳои ахир бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи пайёмбари ислом (с) кардааст.

Эммануэн Макрон низ дар изҳороте дур аз урфи депломатик ва мабонии демокрасӣ эълом кард, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳои тавҳиномез зидди пайёмбари ислом (с) идома хоҳад дод, ки ин иқдоми тавҳиномез бо маҳкумияти густарда дар ҷаҳони ислом рӯ ба рӯ шудааст.

 

Барчасп