Идомаи фишорҳо алайҳи Трамп;сеюмин бонк низ раиси ҷумҳурии Амрикоро таҳрим кард
(last modified 2021-01-14T13:00:42+00:00 )
Январ 14, 2021 18:00 Asia/Dushanbe
  • Идомаи фишорҳо алайҳи Трамп;сеюмин бонк низ раиси ҷумҳурии Амрикоро таҳрим кард

Бонки " Профессионал"-и Амрико аз қатъи равобити молии худ бо раиси ҷумҳурии ин кишвар дар ояндаи наздик дар паи ҳамлаи ахири тарафдоронаш ба сохтимони Конгресс хабар дод

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ҳил бонки " Профессионал"-и мустақар дар иёлати Флоридаи Амрико, ки замоне 11 миллион доллар қарз дар ихтиёри Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии Амрико қарор дода буд , эълом кард , дар оянда бо Трамп ва созмони ӯ ҳеч гуна мубодилаи тиҷорӣ анҷом нахоҳад дод.

 Пештар бонкҳои " Дойче”-Олмон ва " Сигничер " мустақар дар шаҳри Нию-Йорки Амрико аз қатъи равобит бо Трамп дар паи ҳамлаи ахири тарафдоронаш дар Конгресси Амрико хабар дода буданд.

 Пеш аз ин Твиттер ва Фейсбук ва бархе дигар аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳисоби шахсии раиси ҷумҳурии Амрикоро бастанд.

 Мавҷи ақибнишинӣ аз ҳимояти Трамп ҳамзамон бо тарҳи истезоҳи ӯ дар Конгресс боло гирифта аст.

 Ҷаласаи раъйгирӣ дар Маҷлиси намояндагони Амрико барои баррасии дувумин истезоҳи Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии ин кишвар чаҳоршанбешаб баргузор шуд ва бо аксарияти оро ба тасвиб расид , то у ба аввалин раиси ҷумҳурии торихи Амрико табдил шавад, ки дар давраи ҳузураш дар Кохи сафед , ду бор истизоҳ мешавад.

 Дар паи ҳамлаи ҳаводорони Трамп ба Конгресс ва тасхири он тавассути онҳо ба муддати чанд соъат , теъдоде аз намояндагони демократи Маҷлиси намояндагону Сенати Амрико хостори барканории Трамп тавассути Майк Пенс- муовини раиси ҷумҳурии ин кишвар ва аъзои кабинаи вай аз тариқи фаъолсозии мутаммими 25-и Қонуни асосии Амрико шуда буданд ва таҳдид карда буданд, ки агар ин кор анҷом нашавад , Трампро истезоҳ хоҳанд кард.

Бештар бихонед :

 

Барчасп