Вазорати хориҷаи Амрико иддао кард : Ин кишвар ба дунболи тавофуқи ҳастаии ҷадид бо Эрон аст .
(last modified 2021-02-18T17:42:37+00:00 )
Феврал 18, 2021 22:42 Asia/Dushanbe
  •   Вазорати хориҷаи Амрико иддао кард : Ин кишвар ба дунболи тавофуқи ҳастаии ҷадид бо Эрон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Алъарабия вазорати хориҷаи Амрико муддаӣ шуд : Тамоми гузинаҳо дар баробари давлати Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯрии Амрико барои таъомул бо парвандаи ҳастаии Эрон матраҳ аст .

  Бино бар иддаои ин вазоратхона давлати Байден ба таври куллӣ ба дунболи гузинаи диплумотик аст ва бо ҳампаймонони худ барои пешбурди раванди диплумотик дар хусуси парвандаи ҳастаии Эрон ҳамкорӣ мекунад.

  Вазорати хориҷаи Амрико иддао кард : Кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нигарониҳое аз парвандаи ҳастаии Эронро доранд ва Вашингтон пеш аз Теҳрон ба Барҷом боз нахоҳад гашт.

Ҷо Байден ки пештар ваъдаи бозгашт ба Барҷом ва лағви таҳримҳои ғайриқонунии Эронро матраҳ карда буд, бо вуруд ба Кохи сафед ин иқдомро машрут ба иҷроии таъаҳҳудоти барҷомии Эрон кардааст .

 Раҳбари инқилоб : Агар тамомии таҳримҳоро дар амал бардоранд ба таъаҳҳудоти барҷомӣ бармегардем

  Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ якшанбеи ҳафтаи гузашта дар бораи изҳори назарҳои мақомоти аврупоӣ ва Амрико дар бораи Барҷом ва ҳамин тавр таҳримҳои Амрико таъкид карданд : Эрон ҳангоме ба таъаҳҳудоти барҷомии худ боз хоҳад гашт, ки Амрико ҳамаи таҳримҳоро дар амал ва на дар ҳарф ё бар рӯйи коғаз лағв ва Эрон ин лағви таҳримҳоро ростиозмоӣ кунад ва ин сиёсати қатъӣ ва ғайриқобили баргашти Ҷумҳӯрии исломӣ ва мавриди иттифоқи ҳама масъӯлон аст .

  Доналд Трамп раиси ҷумҳӯрии пешини Амрико сешанбе 8 маи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи таъаҳҳудоти Вашингтон дар Барҷом  кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард .

  

 

 

Барчасп