Дархости 27 созмони амрикоӣ аз Байден барои худдорӣ аз ташдиди таниш бо Русия   
(last modified 2021-03-31T14:12:52+00:00 )
Март 31, 2021 19:12 Asia/Dushanbe
  • Дархости 27 созмони амрикоӣ аз Байден барои худдорӣ аз ташдиди таниш бо Русия   

27 созмон ва ниҳоди амрикоӣ аз раиси ҷумҳурии Амрико дархост карданд то аз ташдиди таниш бо Русия худдорӣ кунад.

Ин 27 созмону ниҳоди амрикоӣ бо судури баёнияе зимни дархост аз Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико барои худдорӣ аз изҳороти тавҳиномез алайҳи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, эълом карданд, ки аз изҳороти танишзо байни раисони ҷумҳурии ду кишвар нигарон ҳастанд.

Пештар Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар як мусоҳибаи тафсилӣ бо шабакаи Эй Би Си Нюс, зимни “қотил” хитоб кардани Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия муддаӣ шуд, ки ӯ барои мудохила дар интихоботи Амрико товон хоҳад дод.

Раиси ҷумҳурии Русия низ дар вокуниш ба иҳонати Байден гуфт: Қотил касе аст, ки дигаронро қотил мехонад.

Танишҳо дар равобити Русия ва Амрико аз солҳо пеш ба далел чанд парванда, аз ҷумла таҳаввулоти Украина ва иддаоҳои дахолат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шиддат гирифта ва Вашингтон чандин бор таҳрим алайҳи Маскав ҷорӣ кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп