Фирори хабарнигори Би Би Си аз Чин дар пайи нашри ахбори дурӯғ
(last modified Thu, 01 Apr 2021 13:10:43 GMT )
Апрел 01, 2021 18:10 Asia/Dushanbe
  • Фирори хабарнигори Би Би Си аз Чин дар пайи нашри ахбори дурӯғ

Хабарнигори шабакаи Би Би Си Британия пас аз мувоҷеҳа бо шикояти мардуми Чин ба хотири интишори ахбори дурӯғ, ба Тайван гурехт.

Ҳуа Чунин, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи чаҳоршанбе гуфт: Ин хабарнигор бидуни анҷоми корҳои идорӣ ва иттилоъ ба ин вазоратхона, Чинро ба мақсади Тайван тарк кардааст.

Ба гуфтаи Чунин, мардуми устони СинКиёнг ба хотири иддаоҳои хабарнигори Би Би си дар бораи урдӯгоҳҳои кори иҷборӣ дар ҳоли тарҳи шикоят аз вай буданд.

Хабарнигори Би Би Си дар гузоришҳои худ муддаӣ шуда буд, дар устони СинКиёнги Чин ба занони уйғур таҷовуз мешавад ва мардум дар кампҳо бо озору шиканҷа ва кори иҷборӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Давлати Англия пеш аз ин дар моҳи январ муҷаввизи пахши шабакаи хабарии чинии Си Ҷи Ти Эн дар Англияро лағв карда буд.

Давлати Чин низ дар иқдоме мутақобил эълом кард, шабакаи Би Би Си бояд ба хотири баҳрабардории сиёсӣ аз масъалаи густариши ҷаҳонии вируси корона ва пахши ахбори сохта дар ин замина узрхоҳӣ кунад.

Дар ниҳоят идораи миллии радио ва телевизиони Чин эълом кард, пахши сервиси ҷаҳонии расонаи давлатии Англия- Би Би Си дар ин кишвар мамнуъ шудааст.

 

 

Барчасп