Апрел 27, 2021 13:07 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Камарбанд ва роҳ\" як лоиҳаи сармоягузорӣ дар инфрасохтори иқтисодии беш аз 60 кишвари дунё мебошад

Амрико барои муқобила бо тарҳи "камарбанд ва роҳ"-и Чин 300 миллион доллар ихтисос додааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз радиои байналмилалии Чин, Амрико  ин буҷети солонаи 300 миллион доллариро барои шикасти тарҳи як ҷода - як камарбанди Чин ихтисос дода ва ният дорад  бо ихтисоси ин буҷет аз нуфузи ҷаҳонии чин ҷилавгирӣ кунад. 
  
Ихтисоси ин буҷет дар шӯроии равобити хориҷии сенати Амрико бо мавзӯи рӯёрӯӣ бо Чин дар заминаҳои роҳбурдӣ, иқтисодӣ ва дипломатӣ тасвиб шудааст. 

Тарҳи Ҷодаи Абрешими ҷадид ба унвони " камарбанд ва ҷода " як тарҳи сармоягузорӣ дар зербиноҳои иқтисодии беш аз 60 кишвари ҷаҳон аст ки аз сӯи Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин соли 2013 пешбарӣ шуда буд ва бо сармоягузории беш аз ҳазор миллиард доллар оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп