Июл 31, 2021 09:54 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми озодии Шайх Закзакӣ ва ҳамсараш; пирӯзӣ намунаи сабр ва истодагарӣ аст
    Судури ҳукми озодии Шайх Закзакӣ ва ҳамсараш; пирӯзӣ намунаи сабр ва истодагарӣ аст

Додгоҳи олии иёлати Кадуна дар Нигерия рӯзи 28 июл Шайх Иброҳим Закзакӣ, дабири кулли Ҳаракати исломии Нигерия ва ҳамсарашро аз ҳама иттиҳомот сафед карда, онҳоро озод кард. Дар ҳукм гуфта мешавад, ки иттиҳомот алайҳи Шайх Закзакӣ аз ҷониби додситон таъйид ё исбот нашудааст. Шайх Закзакӣ тайи чаҳор соли ахир ба иттиҳоми сохтае муттаҳам мешавад. Вакилони дифои ӯ қаблан ҳама иттиҳомот алайҳи аллома Закзакӣ ва ҳамсарашро рад карда буданд.

Эъломи раъйи додгоҳи олии Кадуна Kadunaи пирӯзии бузурге на фақат барои Шайх Закзакӣ ва ҳамсараш «Зиннат Иброҳим », балки барои Ҷумбиши исломии Нигерия маҳсуб мешавад. Шайхи Закзакӣ ва ҳамсараш аз замони вуқӯъи ҷинояти Зария дар соли 2015 токунун дар ҳабс ба сар мебаранд. Дар 13 декабри 2015, артиши Нигерия бо юриши ваҳшиёна ба азодорони ҳусейнӣ дар ҳусейнияи Соҳибу Замон ҳудуди 2 ҳазор нафар аз сугворони ҳусейниро ба хоку хун кашид. Шайх Закзакӣ ба шиддат маҷрӯҳ шуд ва бар асари шиддати ҷароҳатҳои ворида яке аз чашмони вай нобино шуда ва чашми дигари вай низ дар остонаи нобиноӣ қарор гирифт. Пас аз он Шайх Закзакӣ ҳамвора дар бадтарин шароит дар зиндон ва аз хадамоти аввалияи пизишкӣ ва беҳдоштӣ маҳрум буда вазъияти саломатии вай вахим аст. Ба рағми талошҳои зиёди давлати Нигерия барои таҳти фишор қарор додани Шайх Закзакӣ ба манзури эътироф гирифтан аз ӯ ва пазириши иттиҳомоти воҳӣ, Шайх Закзакӣ ба унвони намунаи сабру истиқомат ҳамвора бар мавзеи худ истодагӣ кардааст.

Аз сӯи дигар тайи солҳои ахир, бавижа аз замони дастгирии шайх фишорҳо бар шиаёни Нигерия афзоиш ёфтааст, фаъолиятҳои мазҳабӣ ва баргузории маросимҳои динӣ чун  Тосуо ва Ошуро аз сӯи  давлат мамнӯъ шудааст ва бо таҷаммуоти онҳо ба шиддат бархӯрд мешавад. Дар воқеъ давлати Нигерияи тайи ин солҳо талош кардааст ҳузури шиаёнро аз арсаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва сиёсии Нигерия  камранг ва ҳатто ҳазф  намояд. Решаи ташдиди сиёсатҳои давлати Нигерия алайҳи шиаёни ин кишварро метавон дар аъмоли нуфузи хориҷӣ ва низ таблиғоти исломҳаросонае дид, ки ҳар гуна фаъолияти исломиро ҳам радифи иқдомоти гурӯҳҳои террористии ифротгаро ба вижа Боко Ҳаром талаққӣ мекунад. Дар ҳоле, ки моҳияти фаъолиятҳои исломии Шайх Закзакӣ ва Ҷумбиши исломии Нигерия  фарсангҳо бо дидгоҳҳои ифротгароёнаи гурӯҳи террористии такфирии Боко Ҳаром, ки ҳамбастагии худ бо ДИИШ-ро эълом карда, фосила дорад .

Нигерия ба унвони пурҷамъияттарин кишвари қорраи Африқо бо бархурдорӣ аз манобеи ғании нафт ва гази яке аз кишварҳои муҳими ин қорра маҳсуб мешавад. Ин масъала боис шуда то ду муттаҳиди Амрико дар минтақаи ғарби Осиё, яъне Арабистони Саудӣ ва Исроил тавваҷуҳи хосе ба ин кишвари бузурги африқоӣ нишон дода ва бо нуфуз дар миёни мақомоти Нигерия талош кардаанд давлати Нигерияро бо сиёсатҳои худ, бавижа саркӯби шиаёни Нигерия  ҳамроҳ  созанд.

 

«Умар Закӣ » устоди донишгоҳ Нигерия мегӯяд: Давлати Нигерия аз сӯи Арабистон барои мубориза бо шиаёни ин кишвар ва аз байни бурдани нуфузи Шайх Закзакӣ дар миёни мардуми ин кишвар маъмурият дораду онон ҳатто аз интишори ахбори марбут ба ин шахсияти барҷастаи Нигерия ҳам ваҳшат доранд.

Дар воқеъ дар давраи муҳокимаи тӯлонии Шайх Закзакӣ ва ҳамсараш, режими саудӣ ва режими саҳюнистӣ ба ҳар тариқи мумкин талош карданд муҷиботи маҳкумияти ӯро фароҳам  созанд.

 

«Шайх  Адам Аҳмад » аз намояндагони Шайх Закзакӣ чанд моҳ қабл дар ин замина гуфт: Илова бар фишорҳои режими саҳюнистӣ бар давлати Нигерия ва ҳамчунин дахолаташ дар раванди додгоҳ, режими Оли Сауд ва Амрико ҳам дар раванди додгоҳи Шайх Закзакӣ ҳамсараш сангандозӣ мекунанд.

 

Бо ин ҳол  ҳамаи ин талошҳо акнун бо эъломи бароати Шайх Закзакӣ ва ҳамсари вай аз иттиҳомоти ворида ва судури ҳукми озодии ин ду ба шикаст анҷомида аст. Интизор меравад бо озод шудани Шайх Закзакӣ оғози дубораи фаъолиятҳои исломии вай рӯҳи ҷадиде дар колбуди Ҷумбиши исломии Нигерия дамида шавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп