Тарҳи иттиҳомоти ҷадид алайҳи шайх Закзоки аз сӯйи Додситонии Нигерия
(last modified Tue, 03 Aug 2021 08:16:38 GMT )
Август 03, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • Додситонии Кадуна танҳо чанд рӯз пас аз озодии шайх Закзоки аз зиндон, иттиҳомоти ҷадиде алайҳи ӯ матраҳ кард
    Додситонии Кадуна танҳо чанд рӯз пас аз озодии шайх Закзоки аз зиндон, иттиҳомоти ҷадиде алайҳи ӯ матраҳ кард

Додситонии иёлати Кадунаи Нигерия танҳо чанд рӯзи пас аз озодии шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия аз зиндон, иттиҳомоти ҷадиде алайҳи ӯ матраҳ кард.

Ҳукми озодии шайх Закзоки ва ҳамсараш рӯзи чаҳоршанбеи гузашта аз сӯйи додгоҳи Кадуна дар шимоли Нигерия содир шуд ва онҳо зимни озодӣ аз 8 мавриди иттиҳом, аз ҷумла ихлол дар назми умумӣ ва баргузории таҷаммуоти ғайриқонунӣ, озодии худро пас аз 6 сол ҳабс боз ёфтанд.

Акнун дар сенарияпардозии ҷадид алайҳи шайх Закзоки, Дари Байеро (Dari Bayero), раиси Додситонии умумии иёлати Кадуна эълом кард: Иттиҳомоти ҷадиде ду рӯз баъд аз озодии шайх Закзокӣ дар додгоҳи дигаре алайҳи ӯ матраҳ шуд. Ин иттиҳомот шомили ҷароими террористӣ ва хиёнат ба кишвар аст. Ба иддаои вай, шайх Закзоки дар даврони боздошташ аз дарёфти додхости ҷадиди додситонӣ дар иртибот бо иттиҳомоташ худдорӣ карда буд. Додгоҳи олии федерали Кадуна дар ҳоли ҳозир дар таътилот аст ва додситонӣ дар моҳи сентябр дубора ин парвандаро ба ҷараён меандозад.

Ба назар мерасад, ҳадаф аз тарҳи иттиҳомоти ҷадид алайҳи шайх Закзоки, тарсонидани вай ва дар айни ҳол ҷилавгирӣ аз бозгашти ӯ ба Нигерия аст.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Эрон Пресс”, дар Нигерия шайх Иброҳим Закзоки як рӯз пас аз озодӣ тавассути Додгоҳи олии Кадуна барои аҳдофи пизишкӣ аз Нигерия хориҷ шуд. Коршиносони пизишкӣ таъкид карданд, дармони тахассусии мавриди ниёзи шайх Закзоки фақат дар хориҷ аз Нигерия қобили дастрасӣ аст.

Шайх Закзоки ва ҳамсараш аз замони вуқӯи ҷинояти Заря дар соли 2015 то замони озодиашон дар боздошт ва зиндон ба сар мебурданд. Дар 13 декабри 2015 артиши Нигерия бо юриши ваҳшиёна ба азодорони ҳусайнӣ дар ҳусайнияи “Соҳибуззамон”, ҳудуди 2 ҳазор нафар аз сӯгворони ҳусайниро ба хоку хун кашид. Шайх Закзоки ба шиддат маҷрӯҳ шуд ва бар асари шиддати ҷароҳатҳои ворида яке аз чашмони вай нобино шудаву чашми дигари вай низ дар остонаи нобиноӣ қарор гирифт. Пас аз он шайх Закзоки ҳамвора дар бадтарин шароит дар зиндон ва аз хадамоти аввалияи пизишкиву беҳдоштӣ маҳрум буда, вазъияти саломати вай вахим аст. Бо вуҷуди талошҳои зиёди давлати Нигерия барои таҳти фишор қарор додани шайх Закзоки ба манзури эътироф гирифтан аз ӯ ва пазириши иттиҳомоти беасос, аммо шайх Закзоки бо сабру муқовимати мисолзаданӣ аз пазириши иттиҳомот худдорӣ ва бар бегуноҳиаш таъкид варзид, ба гунае, ки Додгоҳи олии Кадуна дар ниҳоят маҷбур шуд то вайро аз иттиҳомоти воридаи озод намояд.

Бо ин ҳол тарҳи иттиҳомоти ҷадид аз сӯйи Додситонии иёлати Кадуна нишон медиҳад, ки давлати Нигерия, ки Ҷумбиши исломии Нигерияро дар соли 2019 ғайриқонунӣ эълом ва фаъолияти онро мамнуъ эълом кард, акнун қасд дорад бо иттиҳомоти ҷадид алайҳи шайх Закзоки, бори дигар вайро дар маърази боздошт ва муҳокима қарор диҳад то ба ин тартиб ҳар гуна чашмандози оғози дубораи фаъолиятҳои Ҷумбиши исломии Нигерияро аз миён бибарад.

Дар айни ҳол, бояд ба фишорҳои идомадори хориҷӣ аз ҷониби Амрико, Арабистони Саудӣ ва Исроил бар давлати Нигерия барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои шиаёни Нигерия ба раҳбарии шайх Закзоки бо ворид овардани иттиҳомоти ҷадид алайҳи вайро мутазаккир шуд. Режими Саудӣ ба унвони мубаллиғи ваҳҳобият ва душмани ошкори шиаён, ба шеваҳои мухталиф талош карда монеъ аз густариши ташайюъ дар Нигерия шавад.

Абаёми Азикиве (Abayomi Azikiwe), фаъолу таҳлилгар сиёсӣ мегӯяд: Арабистон нуфузи зиёде бар давлати Нигерия дорад ва ҳамла ба шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари ҷунбиши исломии ин кишвар ва куштори ҳаводорони ӯ ба фармони Оли Сауд сурат гирифтааст.

Дар айни ҳол Исроил низ, ки ҳамвора дар садади тавсеаи нуфузи худ дар Африқо аст, густариши ташайюъ дар Нигерия ба унвони пурҷамъияттарин кишвари Африқоро муғойир бо аҳдофи худ медонад. Арабистони Саудӣ ва Исроил дар давраи муҳокимаи тӯлонии шайх Закзоки ва ҳамсари вай, тамоми саъйи худро карданд то баҳонаҳои маҳкумияти ӯро фароҳам созанд. Бо ин ҳол, озодии шайх Закзоки ва эҳтимоли азсаргирии фаъолиятҳои исломӣ муҷиби тавтеае аз ҷониби давлати Нигерия бо ҳамроҳии саудиҳо ва саҳюнистҳо барои ҳабсу муҳокимаи дубораи шайх Закзоки шудааст.

 

Бештар бихонед: