Донишҷӯёни хориҷӣ ба зудӣ метавонанд барои идомаи таҳсил ба Русия сафар кунанд
(last modified Sun, 22 Aug 2021 04:37:38 GMT )
Август 22, 2021 09:37 Asia/Dushanbe
  • Донишҷӯёни хориҷӣ ба зудӣ метавонанд барои идомаи таҳсил ба Русия сафар кунанд

Вазорати омӯзишу улуми Русия эълом кард дар ояндаи наздик шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия таҳсил мекунанд метавонанд барои идомаи таҳсил ба ин кишвар бозгарданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, мақомоти вазорати улуму омӯзиши олии Русия ин хабарро 20 август эълом карданд .

Бар асоси эъломи Валерий Волков-вазири улуму омӯзиши олии Русия  лоиҳаи нави идомаи таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ пеш аз ин тадвин шуда буд ва қарор аст ба зудӣ барои тасвиб дар маҷлиси Русия матраҳ шавад . Ӯ афзуд : Ин лоиҳа пас аз мувофиқати Ситоди муқобила бо коронаи Русия барои тасвиб ба маҷлис фиристода шудааст.

Вазири улуму омӯзиши олии Русия изҳор кард бар асоси ин лоиҳа ба донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар Русия таҳсил мекунанд монанди гузашта хобгоҳ дода мешавад. Ҳамчунин донишҷӯёне ҳам, ки қодир ба сафар ба Русия нестанд, метавонанд аз омузиши маҷозӣ истифода кунанд .

Ҳудуди 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп