Русия дар байни гурӯҳҳое, ки дар Афғонистон даст доранд, миёнаравӣ намекунад
(last modified Fri, 03 Sep 2021 15:14:40 GMT )
Сентябр 03, 2021 20:14 Asia/Dushanbe
  • Русия дар байни гурӯҳҳое, ки дар Афғонистон даст доранд, миёнаравӣ намекунад

Русия ният надорад, ки ба музокирот байни Толибон ва дигар сохторҳои сиёсии Афғонистон миёнаравӣ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, гуфт: "Мо Толибон ва ҳама гурӯҳҳои сиёсии қавмии Афғонистонро ба музокирот бо ҳукумати фарогири гузариш даъват карда будем."

"Ҳоло мо ният надорем, ки дар ин музокирот ба ҳайси миёнарав баромад кунем", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, ҳама кишварҳои ғарбӣ, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тавофуқи Толибон ва дигар раҳбарони қавмӣ ва сиёсии Афғонистон манфиатдоранд.

Вай қайд кард, ки шарикони Русия метавонанд дар ҳалли бӯҳрони Панҷшери Афғонистон нақши махсус дошта бошанд.

 Лавров афзуд: "Тоҷикони афғон бо намояндагони Толибон дар водии Панҷшер музокира мекунанд ва умедворем, ки ин музокирот натиҷа хоҳад бахшид."

Маълумоти бештар:

Барчасп