Интиқоди намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар Аврупо аз бархе кишварҳои содиркунандаи воксани зидди корона
(last modified Mon, 11 Oct 2021 05:43:06 GMT )
Октябр 11, 2021 10:43 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар Аврупо аз бархе кишварҳои содиркунандаи воксани зидди корона

Намояндаи созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо аз кишварҳо дархост кард воксанҳои зиддикоронаии таърихи масрафашон гузаштаро ба чанд кишвар аз ҷумла Тоҷикистон ирсол накунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Витианис Андре Окайтис аз кишварҳои аврупоӣ хост, ки воксанҳои зиддикоронаии таърихи масрафашон гузаштаро ба Тоҷикистон, Украина, Арманистон ва Қирғизистон ирсол накунанд.

Вай аз кишварҳои аврупоӣ интиқод кард, ки воксанҳои коронаро дар анборҳо ба муддати тӯлонӣ нигаҳдорӣ ва ду ҳафта монда ба поёни таърихи масрафи ин воксанҳо барои ирсоли онҳо ба кишварҳои ниёзманд иқдом мекунанд .
Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо изҳор кард: Ин воксанҳо то замони расидан ба кишвари мақсад ғайри қобили тазриқ мешаванд.

То кунун аз тариқи кумакҳои башардӯстона ва барномаи КОВАКС  4 миллиону 861 ҳазору 540 дозаи воксани корона ба Тоҷикистон ирсол шудааст .
Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон то октбяри соли ҷорӣ 2 миллиону 399 ҳазор нафар дар ин кишвар дозаи нахусти воксани корона ва 1 миллиону 740 ҳазору 660 нафар низ дозаи дувуми воксанро тазриқ кардаанд .

 

Барчасп