Тақвияти равобит меҳвари дидори раисони маҷлиси Қазоқистон ва Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо
(last modified 2021-11-18T04:58:36+00:00 )
Ноябр 18, 2021 09:58 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобит меҳвари дидори раисони маҷлиси Қазоқистон ва Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо

Раиси маҷлиси Қазоқистону раиси Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо бо якдигар дидору заминаҳои ҳамкорӣ байни ду тарафро баррасӣ карданд.

Ба гузориши АКИ пресс, Нурлан Нигматулин, раиси маҷлиси Қазоқистон ва Рик Дамс, раиси Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо дар Нурсултон дидору гуфтугӯ карданд.
Нигматулин зимни гуфтугӯ дар мавриди иқдомоти анҷом шуда дар заминаҳои мазкӯр, ба ислоҳоти ҳамаҷониба бо ҳадафи демократӣ кардани раванди интихоботу беҳбуди қавонини интихоботӣ, тавонмандсозии занону таҳкими ниҳоди мухолифони порлумонӣ дар сатҳи қонунгузорӣ ишора кард.
Вай дар идома дар мавриди иқдомоте, ки дар ҳоли ҳозир дар порлумони ин кишвар дар ростои беҳбуди қавонин дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳои башару шаҳрванд аз тариқи тавсеаи ниҳоди додовар дар заминаи мубориза бо фасод, ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдаку фаъолияти довталабона анҷом мегирад, матолиберо баён кард.
Рик Дамс ба навбаи худ бо таъкид гуфт, мо аз талошҳои Қазоқистон барои ҳузури занон дар порлумон, қадрдонӣ мекунем.
Тарафайн зимни ибрози тамоюл ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ байни Қазоқистону Шӯрои Аврупо заминаҳои таъомул, аз ҷумла масоили марбӯт ба илҳоқи Нурсултон ба теъдоде аз конвенсияҳои аврупоӣ ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар мавриди масоили зист муҳитӣ ва иқлимро баррасӣ карданд

Барчасп