Январ 24, 2022 13:30 Asia/Dushanbe
  • Равобити Украина ва Олмон бар сари изҳороти ҷанҷолии фармондеҳи нерӯи дарёии Олмон  дучори таниш шудааст
    Равобити Украина ва Олмон бар сари изҳороти ҷанҷолии фармондеҳи нерӯи дарёии Олмон дучори таниш шудааст

Равобити Украина ва Олмон бар сари изҳороти ҷанҷолии фармондеҳи нерӯи дарёии Олмон ва низ имтиноъи Берлин аз тадоруки таслиҳотии Киев дучори таниш шудааст.

Дарёдор Кай Ахим Шёнбах фармондеҳи нерӯи дарёии Олмон дар ҳошияи сафари худ ба Ҳинд гуфта буд, идаъоҳо дар бораи талоши Русия барои ҳамла ба Украина сиҳат надорад. Вай ҳамчунин бозгашти дубораи нимҷазираи  Қрим, ки дар соли 2014 ба Русия илҳоқ шуд ва Украинаро рад карда ва тасреҳ намуда буд, ки Владимир Путин хоҳони эҳтиром аст ва чи басо сазовори ин эҳтиром ҳам аст. Ин изҳороти Шиёнбах мавҷи интиқодотро алайҳи вай ба роҳ андохт ва дар ниҳоят, ин фишорҳо мунҷар ба истеъфои иҷбории Шёнбах шуда ва вазири дифоъи Олмон низ ин истеъфоро пазирӯфт.

Аз сӯйи дигар Дмитрий Кулеба вазири хориҷаи Украина эъломи мухолифат бо изҳороти Олмон дар мавриди имтиноъ аз ирсоли силоҳи кишвараш дар таниши кунунӣ бо Русия таъкид кард,ки мавозеъи Берлин мутаносиб бо вазъияти амниятии Украина ё равобити байни ду кишвар нест.

Вай тасреҳ кард: "Шарикони олмонӣ бояд аз баёни ин гуна изҳорот ва иқдомоте, ки ваҳдати Украинаро тазъиф ва Владимир Путинро ташвиқ ба ҳамлаи ҷадид алайҳи Украина мекунад, даст бикашанд".

Манобеъи хабарӣ эълом карданд,ки сафири Олмон дар Киев дар эътироз ба ончи адами таҷҳизи Украина ба силоҳи дифоъӣ аз сӯйи Берлин эълом шуд, эҳзор шудааст. Вазорати умури хориҷаи Украина эълом кард ,ки ноумедии амиқи худро нисбат ба ин,ки Берлин таҷҳизи мо ба силоҳи дифоъиро напазируфтааст, ба сафири ин кишвар дар Киев эълом кардем.

Украина низ аз Олмон хост, ки новҳои ҷангӣ ва мушакҳои зидди  зиреҳ ба манзури он чиро ,ки боздорандагӣ дар муқобили ҳамалоти эҳтимолии Русия хонд ,ирсол кунад.

Андрей Мелнюк сафири Украина дар Берлин гуфт: Киев аз Олмон мехоҳад аз ин кишвар дар муқобили ҳамалоти Русия дифоъ кунад.

Кристияна Ламбрехт вазири дифоъи Олмон дархости Украина барои ирсоли силоҳ ба ин кишвар дар буҳбуҳаи афзоиши танишҳо бо Русияро рад карда эълом кард, ки ин иқдом дар ҳоли ҳозир  муфид нахоҳад буд.

Олаф Шолтс садри азами Олмон низ бештар таъкид кард мавзеъи ин кишвар ирсоли таслиҳоти маргбор ба манотиқи ҷангӣ нест.

Ин мавзеъи давлати Олмон баъд аз он матраҳ шуд, ки  Британия ирсоли силоҳои зидди тонк ба Украинаро оғоз карда ва Амрико ба кишварҳои ҳавзаи Балтика муҷаввизи ирсоли таслиҳоти сохти ин кишвар ба Украина, ки шомили мушакҳои зидди тонк ва зидди ҳавоӣ астро содир кардааст. Бо ин ҳол Олмон нафақат ҳеч силоҳе барои Украина ирсол накард, балки бо парвози ҳавопаймоҳои ҳомили силоҳи кишварҳои НАТО барои Украина аз фазои ин кишвар мухолифат кардааст.

Ин мавзеъи Олмон, ки муҳимтарин кишвари Иттиҳодияи Аврупо ва аз аъзои аслии аврупоии НАТО маҳсуб мешавад, нишонгари вуҷуди ихтилоф дар НАТО бар сари наҳваи мавзеъгирӣ дар қиболи таҳрикоти низомии ахири Русия ,ки ба иддаъои Вашингтон ва бархе аъзои НАТО барои ҳамла ба Украина сурат мегирад ва низ адами тамойили Берлин барои тақобули ошкор бо Маскав аст.

Бар хилофи ҳамроҳиҳои давлати эътилофи ҷадиди Олмон бо Амрико дар ҳушдор ба Русия ва ҳатто таҳдид ба лағви роҳандозии хати лулаи гази Норд- Стрим 2 аммо воқеъият ин аст,ки мақомоти олмонӣ ба хубӣ аз осебпазирии гази Аврупо огоҳ ҳастанд.

Онҳо мойил нестанд иқдомоте сурат диҳанд,ки Маскав онро гомҳои зиддирусӣ талаққӣ карда ва муҷиби коҳиши гази Русия ба Аврупо он ҳам дар авҷи зимистон шавад. Зимни ин,ки бар хилофиАмрико,Британия ва аъзои Аврупои шарқии НАТО ки хоҳони тақобули ҳарчӣ бештар бо Русия ҳастанд,аммо аъзои бузурги Аврупоии  ғарбии НАТО монанди Олмон,Фаронса, Испания ва Италия хоҳони ташдиди танишҳо бо Маскав ва албатта вуқуъи ҷанги эҳтимолӣ дар Аврупо бар сари Украина нестанд, зеро чунин ҷанге сирфан муҷиби осеб ба Аврупо хоҳад шуд.Зимни ин,ки аз дидгоҳи ин кишварҳо Украина узви НАТО набуда ва лизо набояд ба хотири он даргири ҷанг бо Русия шаванд.

 

 

Бештар бихонед:

Барчасп