Феврал 23, 2022 22:04 Asia/Dushanbe
  • Маскав истиқлоли Донетск ва Луганскро ба расмият нишохт
    Маскав истиқлоли Донетск ва Луганскро ба расмият нишохт

Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия асри душанбе эълом кард, ки Маскав истиқлоли Донетск ва Луганскро ба расмият шинохта ва дар кохи Кремл қарордодҳои ҳамкорӣ ва дӯстиро бо сарони ин ҷумҳуриҳо имзо кард.

Денис Пушилин ва Леонид Пасечник сарони Донетск ва Лугански Украина аз Путин хоста буданд, ки ин манотиқро ба унвони ҷумҳуриҳои мустақил ба расмият бишносад.

Ҳафтаи гузашта Думаи Расия бо ирсоли дархост аз раиси Ҷумҳурии Русия хост истиқлоли ҷудоиталабони Донбасс аз Украинаро ба расмият бишносад. Тасмими Путин барои ба расмият шинохтани Донетск ва Луганск пас аз баргузории нишасти Шӯрои амнияти Русия ва раъйи мусбати ҳамаи аъзои он дар ин замина гирифта шуд, ба иборати дигар байни мақомоти аршади сиёсӣ, низомӣ ва амниятии Русия дар ин бора иҷмоъи назар вуҷуд дорад.

Таҳавуллоти чанд ҳафтаи ахир ва афзоиши танишҳо ва даргириҳо дар шарқӣ Украина, ки таҳти унвони Донбасс шинохта мешавад, эҳтимоли вуқӯъи таҳаввули бунёдин дар бораи ин минтақаро ба шиддат афзоиш дода буд.

Аз феврали соли 2014, ки давлати ғарбгаро дар Украина бо кумаки ғарбиҳо рӯи кор омад, рус таборон аз Донетск ва Луганск ба далели эҳсоси таҳдид аз наздикии Киев ба Аврупо ва Амрико, хоҳони истиқлол аз Украина шуданд. Бо таваҷҷуҳ ба пайвандҳои васеъи таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва иқтисодии байни ин манотиқ ва Русия, Маскав аз онҳо дар муқобили таҳоҷуми артиши Украина ҳимоят кард. Ҷанг дар шарқи Украина ҳарчанд бо имзои тавофуқи Минск дар ҳолати оташбас қарор гирифта, аммо то қабл аз ин низ ҳамвора даргириҳо байни ҷудоиталабон ва нерӯҳои низомии Украина рух медод, аммо дар чанд ҳафтаи ахир пас аз таҷамӯъи бузурги нерӯҳои Русия дар марзҳои ғарбии ин кишвар, ки ҳамҷавори Украина аст ва низ дар Беларус, кишварҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико муддаии қасди Маскав бари ҳамлаи густарда ба Украина шуданд, иддаое, ки борҳо тавассути мақомоти аршади Русия такзиб шуд.

Акнун ба расмият шинохтани истиқлоли Донетск ва Луганск аз ҷониби Русия, ки бо иқдоми мушобеҳ аз ҷониби кишварҳое монанди Куба ва Венесуэла низ ҳамроҳ шуд, ба назар мерасад Русия қасд дорад як бор барои ҳамеша таклифи шарқи Украина, ки дар 7 соли гузашта билотаклиф бударо, рӯшан намояд. 

Маскав борҳо аз давлати Киев хоста аст, ки мафоди тавофуқоти Минск дар бораи шарқи Украина, аз ҷумла эътои худмухторӣ ба ин минтақаро иҷроӣ кунад, аммо Украина аз иҷрои ин хоста сар боз зада ва дар муқобил ба гуфтаи сарони Донетск ва Луганск ба истиқрори даҳҳо ҳазор низомӣ дар ҷавори Донбасс ва гулӯлаборони ин минатақ ва низ амалиёти нуфузӣ иқдом карда ба наҳве, ки даргириҳо дар чанд рӯзи ахир ба шиддат афзоиш ёфта аст.

Акнун давлати ғарбгарои Украина, ки ба умеди ҳимояти ғарбиҳо вориди арсаи тақобул бо Русия шуда ва дар ин росто ба шиддат масъалаи узвият дар НАТО-ро ба рағми ҳушдорҳои мутаъаддиди Маскав дунбол карда аст, ночор аст дар қиболи иқдоми бесобиқаи Русия дар ба расмият шинохтани Донетск ва Луганск вокуниш нишон диҳад.

Киев ду роҳ дар пеш дорад: Ё ба умеди самарабахшии иқдомоти танбеҳи ғарбӣ зидди Русия, ки ваъдаи таҳримҳои камаршикан зидди Маскав, аз ҷумла ихроҷи Русия аз "SWIFT"  (ҷомеъаи ҷаҳонии иртиботи молии байнибонкӣ) ва мамнӯъияти содироти колоҳои асосии Русияро доданд бимонад, то ба ин тартиб, Маскав ночор ба ақибнишини, аз иқдомоти ахири худ шавад. Роҳи дигар ин аст, ки барои пешгирӣ аз сенарияи илҳоқи Қрим ба Русия дар соли 2014 мубодират ба ҳамлаи густардаи низомӣ ба Донбасс ва шикасти ҷудоиталабон карда ва бори дигар ин минтақаро ба қаламрави Украина боз гардонад.

Бо таваҷҷуҳ ба даъвати сарони Донетск ва Луганск аз Маскав барои ҳузури нерӯҳои русӣ дар ин минтақа ба манзури ҳифзи амнияти онҳо, ин амр ба маънои воқеъ, набарди густарда байни Русия ва Украина хоҳад буд. Ҷанге, ки бо таваҷҷуҳ ба қудрати оташбаси ду тараф ба вижа Русия, бисёр хунин ва вайронкунанда хоҳад буд. Дарвоқеъ сарони ғарбгароҳои Украина бо ваъдаҳои ғарб ва иқдомоти таҳрикомез ба вижа, талош барои пайвастан ба урдугоҳи ғарб ва илҳоқ ба НАТО, ки хати қирмизи манофеъ ва амнияти миллии Русия маҳсуб мешавад, заминасози вазъияти бади кунунии Украина шуданд.

Ҷаводи Ваъидӣ коршиноси равобити байналмиллал мегӯяд: Иллати иттихози роҳбурди таҳоҷум аз сӯи Владимир Путин барои анҷоми маъмурияти нотамом дар Украина, тазмини амният ва бақои Русияи навин аст ва агар Русия ба ҳар далел ва ҳар шакле боз ҳам бозанда шавад, гоми баъдии фурупошӣ ва таҷзияи Русия ва ба қудрат расидани ғарбгароён дар Маскав хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп