Эъломи таҳримҳои нави Вашингтон алайҳи Маскав аз сӯи Байден
Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар як нишасти хабарӣ бо баёни ин иддао ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия мутаҷовиз аст, таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Маскав эълом кард.
Путин душанбеи 21 феврал бо интиқод аз бетаваҷҷуҳии Ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав эълом кард, кишвараш истиқлоли Донетск ва Луганск дар Донбасро ба расмият мешиносад.
Путин ҳамчунин бомдоди панҷшанбе дар суханронии телевизионии худ эълом кард, Русия дар ҳоли анҷоми «амалиёти низомии вижа» дар Донбас барои ғайринизомӣ кардани Украина аст ва қасде барои ишғоли заминҳои ин кишвар надорад.
Байден муддаӣ шуд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ин ҷанг дар Украинро интихоб карда ва акнун Русия табаоти онро бо таҳримҳои ҷадид пардохт хоҳад кард.
Ӯ гуфт, ки чаҳор бонки дигари Русия ҳадафи таҳрим қарор хоҳанд гирифт.
Байден гуфт, ки таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия нухбагони ин кишвар, бонкҳои бузург ва содироти фанноварии Русияро низ ҳадаф хоҳад гирифт.
Раиси ҷумҳурии Амрико муддаӣ шуд, ки Владимир Путин аҳдофе фаротар аз Украина дорад ва қасди ӯ эҳёи Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ аст.
Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада ҳам дар вокуниши оғози амалиёти низомии Русия дар Украина эълом кард, ки Оттава 58 шахсу ниҳоди Маскавро таҳрим кардааст.