Феврал 27, 2022 21:57 Asia/Dushanbe
  • Александр Рудаков
    Александр Рудаков

Сафири Русия дар Лубнон, амалиёти низомӣ дар Украинаро дар ростои таъмини амнияти Русия донист.

Путин бомдоди панҷшанбе дар суханронии телевизиони худ эълом кард, Русия дар ҳоли анҷоми амалиёти низомии вижа дар Донбасс барои ғайри низомӣ кардани Украина аст ва қасд барои ишғоли сарзаминҳо ин кишварро надорад.

Донбасс дар шарқи Украина аз манотиқи Донетск ва Луганск ва низ чанд минтақаи руснишини дигар ташкил шуд ва ин ду  вилоят дар соли 2014 пас аз тағири ҳукумат дар Украина ба таври якҷониба аз Киев эъломи истиқлол карданд.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Александр Рудаков, сафири Русия дар Лубнон рӯзи якшанбе гуфт: Русия сиёсати хасмонае дар қиболи Украина надорад ва дар ростои ҳаққи қонунии худ барои таъмини амнияти миллӣ ва шаҳрвандони рус дар Донетск ва Луганск ҳаракат мекунад.

Сафири Русия дар Лубнон эълом кард, Маскав борҳо бар зарурияти иҷрои тавофуқи Мински таъкид карда аст. Киев ва НАТО ҳаққи Маскав дар ҳимоят аз марзҳо ва амнияти миллии онро нодида мегиранд.

Рудаков таъкид кард, амалиёти низомии Русия миллати Украинаро, ки пайванди таърихи бо миллати Русия доранд, ҳадаф қарор намедиҳад.

Ҳасан Фазлуллоҳ, намояндаи Парлумони Лубнон низ гуфта буд, амрикоиҳо ва ғарбиҳо ёд гирифтанд мутаҳидонашонро ба самту сӯи ҷанг бикашонанд ва сипас онҳоро дар майдони набард танҳо бигузоранд, Амрико нишон дод, ки Вашингтон касонеро, ки рӯи он ҳисоб боз мекунанд танҳо мегузорад.

 

Бештар бихонед:

Таҳлил: Ветои қатномаи Шӯрои амният дар бораи Украина тавасути Русия

 

Барчасп