Март 29, 2022 13:52 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Мавзеъи ҷадиди Зеленский дар бораи бетарафӣ ва адами узвияти Украина дар НАТО
    Таҳлил: Мавзеъи ҷадиди Зеленский дар бораи бетарафӣ ва адами узвияти Украина дар НАТО

Владимир Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина, ки пештар хостори пайвастан ба НАТО ва блоки Ғарб буд пас аз гузашти як моҳ аз ҷанги Украина эълом кард, ки ҳозир аст дар раванди сулҳ бо Маскав аз хостаҳои худ ақибнишинӣ кард ва ба кишвари бетараф дар тақобули миёни Ғарб ва Русия табдил шавад.

Зеленский дар як паёми видеоӣ гуфт: Мо ҳозир ба чунин тавофуқи сулҳ ҳастем ба шарте, ки ин тавофуқ аз сӯи тарафҳои сегона тазмин шавад. Мо барои тазминҳои амниятӣ ва бетарафӣ ва низ ғайри ҳастаӣ мондани кишвар омодагӣ дорем.

Эъломи мавзеъи ҷадиди раиси Ҷумҳурии Украина дар воқеъ ба манзалаи ақибнишинии муҳиме дар мавозеъи давлати Киев аст, ки дар ростои ҳамгарой бо Ғарб ҳатто масъалаи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро дар матни қонуни асосии Украина гунҷоданд ва ба ин тартиб бар азми ҷиддии худ дар  ин замина таъкид карда буд.

Масъалаи узвият дар НАТО бавижа аз сӯи сарони аврупоӣ ва амрикоӣ узвияти НАТО матраҳ шуд ва ба ин тартиб ангезаи дучандоне ба сарони Украина барои пайгирии он эҷод карда буд, сарони кишварҳои узви НАТО дар иҷлоси Бухарест, дар соли 2008 дар ростои сиёсати густариши НАТО ба шарқ тасмими худ барои узвияти Украина ва Гурҷистон (ду кишвари дар ҳавзаи хориҷи наздики Русия)-ро эълом карданд аз он замон ба баъд ин амр ба вижа узвияти Украина дар НАТО ба яке аз масоили мавриди ихтилоф ва танишзойи байни Русия ва НАТО табдил шуд.

Аз дидгоҳи сарони Украина таҳаққуқи узвияти ин кишвар дар НАТО ба маънои гоми муҳим дар ростои ҳамгароӣ Украина дар булугки Ғарб ва низ эҷоди тазмини амнияти калиди дар муқобили таҳдидоти хориҷӣ ба вижа аз ҷониби Русия буд.

Русия, ки ҳузури НАТО дар ҷавори марзҳои ғарбии худро бавижа дар Украина хати қирмизи миллии худ эълом кард ва борҳо дар ин замина ба давлати ғарбароӣ Киев ва низ Амрико ва НАТО ҳушдор дод ва хоҳони адами узвияти Украина дар ин Созмони низомии Ғарб шуда аст. Дар воқеъ эҳсоси хатари ҷиддии Маскав аз пешравии НАТО ба шарқ ва иқдомоте, ки дар заминаи ҳузури ин Созмони низомӣ дар хоки Украина дар солоҳи ахир сурат гирифт яке аз ангезаҳои ҷиддии ҳамлаи Русия ба Украина буда аст.

Ҷон Мершаймер  (John Mearsheimer) устоди равобити байналмиллалии Чикаго ва назарияпардози реализми таҳоҷумии густариши НАТО ба марзҳои Русия ва талоши Украина барои пайвастан ба ин созмонро аслитарин далели ошкор шудани ҷанги ин кишвар унвон кард ва мегӯяд: Қудратҳои бузур ба марзҳои худ ҳасосият дошта ва ҳозир ба пазириши истиқрори низомиёни дигар кишварҳо дар кишварҳои ҳамарзи худ нестанд.

Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия низ яке аз шартҳои тавақуфи амалиёти низмоии Русия дар Украинаро эъломи бетарафии Украина дар тазмини адами узвияти он дар НАТО дониста аст.

Ҳарчанд Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина ибтидо аз қабули ин масъала тафра рафта, аммо акнун пас аз гузашти беш аз як моҳ аз ҷанги Украина ва ворид шудани хисоратҳои зиёди инсонӣ ва модӣ ба ин кишвар, даҳҳо миллиарддоллар бароварда шуда аст ва надодани ҷавоби Ғарб ба ду хостаи Украина яъне узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО, вай фаҳмида аст, ки такя ба ваъдаҳои Вашингтон ва Брюссел ва тақобул бо Маскав то чӣ ҳад иштибоҳ будааст.

Шояд ҳамин далел аст, ки Зеленский чан рӯз қабл дар суханони мутафовит аз гузашта изҳор дошт: Бояд бипазирем, ки Украина наметавонад ба Созмони паймони Атлантикаи шимоли (НАТО) бипайвандад вай зимни ибрози ноумеди аз пайвастани кишварад ба НАТО таъкид кард: Солҳо шунидаем, ки дарҳо боз аст, аммо ҳамзамон шунидаем, ки наметавонем ба он паймон бипайвандем ин ҳақиқат аст ва бояд ба расмият шинохта шавад.

Акнун ба назар мерасад бо таваҷҷуҳ  дар пеш будани даври ҷадиде  аз музокироти сулҳ байни Русия ва Украина, ки қарор аст дар Туркия баргузор шавад, тағйири мавзеъи давлати Киев ва эъломи омодагии Зеленский барои эъломи бетарафӣ ва адами пайвастан ба НАТО гоми муҳиме барои тавофуқ байни Маскав ва Киев ва эъломи оташбас дар ҷанги Украина бардошта шавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп