Лавров: Русия истифода аз рублро дар муомилоти тиҷории байналмилалӣ тарвиҷ хоҳад дод
(last modified 2022-04-01T13:50:29+00:00 )
Апрел 01, 2022 18:50 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Русия истифода аз рублро дар муомилоти тиҷории байналмилалӣ тарвиҷ хоҳад дод

Вазири умури хориҷаи Русия аз тарвиҷи истифода аз рубл дар муомилоти тиҷории байналмилалӣ хабар дод.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни таъкид бар истифода аз рубл дар муомилоти тиҷорӣ бо соири кишварҳо, тақвияти равобити иқтисодии Русия бо кишварҳои осиёиро роҳе барои коҳиши истифода аз доллар ва давр задани таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия донист.

Лавров бо ишора ба талоши Русия барои тақвияти равобити худ бо кишварҳои дӯст, ба манзури ғалаба бар таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия таъкид кард, ки кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба дунболи табдили Украина ба ҷабҳаи ҷадиде дар баробари Русия ҳастанд ва ин чизе аст ки Маскав онро маҳкум мекунад.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бахшномаи марбут ба пардохти баҳои гази ин кишвар ба рубли Русия аз ҷониби кишварҳои ғайридӯстро имзо кард, ки бар асоси он пардохти баҳои гази Русия танҳо бо рубл имконпазир хоҳад буд.

Раиси ҷумҳурии Русия рӯзи 23 март низ дар фармоне дар бораи содироти гази ин кишвар, ки беш аз 40 дарсад аз ниёзҳои Аврупоро таъмин мекунад, дастур дод, ки баҳои он бояд ба ҷои доллар ва евро бо рубл пардохт шавад.

Фармони Путин дар бораи дарёфти баҳои гази Русия ба рубл аз кишварҳое ки бо Русия равобити дӯстона надоранд, мӯҷиби боло рафтани арзиш рубл шуд, ки дар пайи эъмоли таҳримҳои густардаи Ғарб бар Маскав ба сабаби оғози ҷанг бо Украина суқут карда буд.

Кишварҳои аврупоӣ, ки баҳои гази Русияро ба евро мепардозанд ва кишварҳои узви Гуруҳи 7 ин дархости Русияро рад кардаанд. Баҳои газ дар Аврупо низ дар вокуниш ба таҳаввулот ба суръат афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп