Ситоиш аз нақши имом Хумайнӣ (раҳ) дар ҳамоиши ҳимоят аз Фаластин дар Покистон
(last modified 2022-04-25T08:55:45+00:00 )
Апрел 25, 2022 13:55 Asia/Dushanbe
  • Ситоиш аз нақши имом Хумайнӣ (раҳ) дар ҳамоиши ҳимоят аз Фаластин дар Покистон

Ҳизби маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон дар ҳамоиши "Ҳимоят аз мазлумони Фаластин, Кашмир ва Яман" аз нақши ҳазрати оятуллоҳ имом Хумайнӣ (раҳ) ва сардор шаҳид Сулаймонӣ дар набард бо саҳюнизм ситоиш кард.

Ин ҳамоиш дируз - якшанбе дар Исломобод, пойтахти Покистон ва бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ, мазҳабӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва ақшори мухталифи мардуми ин кишвар баргузор шуд.

Аллома Раҷа Носир Аббос, дабири кулли Ҳизби маҷлиси ваҳдати муслимини Покистони яке аз суханронони ин ҳамоиш буд.

Носир Аббос номгузории Рӯзи Қудс тавассути ҳазрати оятуллоҳ имом Хумайнӣ (раҳ), раҳбари фақиди инқилоби исломӣ, ҳамзамон бо талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои расмияти бахшидан ба режими номашрӯи Исроилро заминасози огоҳии мусулмонони ҷаҳон ва талоши дунёи Ислом барои наҷоти Фаластин аз ишғолгариҳои Исроил тавсиф кард.

Дабири кулли ҳизби маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон сипас ба хадамоти шаҳид Қосими Сулаймонӣ, ки дар сеюми июли соли 2020 ба дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар Ироқ ҳадафи ҳамлаи низомиёни амрикоӣ қарор гирифт ва ба шаҳодат расид, ишора кард.

Дабири кулли ин ҳизби покистонӣ дар идома ба нақши шаҳид сардор Сулаймонӣ дар коҳиши мушкилоти мардуми Фаластин ишора кард ва шаҳид Сулаймониро «Шаҳиди Қудс» номид.

Имом Хумайнӣ (раҳ) ҳафтуми августи 1979 ва ҳудуди як сол пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон, охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ба унвони Рӯзи Қудс номгузорӣ карданд.

 

Барчасп