Май 13, 2022 17:56 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико бо хориҷ кардани ғаллоти Украина ба фикри роҳандозии қаҳтиву гуруснагӣ дар ин кишвар аст

Раиси маҷлиси Думаи Русия гуфт, Амрико ба пирӯзии низоми Украина эътиқод ва бовар надорад, аммо ба фикри чигунагии хориҷ кардани ҳарчӣ сареъи ғаллоти ин кишвар ва ба роҳ андохтани қаҳтиву гуруснагӣ дар Украина аст.

Беш аз ду моҳ аз ҷанги Русия ва Украина мегузарад.

Кишварҳои НАТО ва муттаҳидонашон аз дахолати мустақими низомӣ дар ин ҷанг худдорӣ кардаанд, аммо ба Украина аслиҳа, муҳиммот ва сӯхт мерасонанд. Иқдоме, ки ҳушдори Русияро дар хусуси тӯлонӣ шудани ҷанг дар пай доштааст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии шабакаи телевизионии “Русия Алявм”, пеш аз ин Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико гуфта буд, Вашингтон ва ҳампаймононаш дар ҷустуҷӯи бозгардонидани ғаллоти Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ бо ҳадафи коҳиши баҳои онҳо ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки Конгресси Амрико бо бастаи кумакҳои бесобиқаи 40 миллиарддолларӣ ба Украина мувофиқат кардааст.

Раиси маҷлиси Думаи Русия гуфт, Вашингтон хостори қарздор кардани Украина аст ва ихтисоси 40 миллиард доллар ба ин кишвар низ бар асоси қонуни вому иҷора сурат гирифтааст.

Бар асоси ин қонун, таслеҳот ва кумакҳои дигар ба Украина бо шарти пардохти тӯлонимуддат дода мешавад.

 

Барчасп