Май 20, 2022 18:14 Asia/Dushanbe
  • Раиси донишгоҳи “Эл Си” -и Покистон: Ҳамосасарои эронӣ дар кишвари Покистон аз аҳамияти бисёре бархӯрдор аст

Раиси Донишгоҳи забону адабиёти форсии донишгоҳи “Эл СИ” -и бонувони Лоҳури Покистон гуфт, “Шоҳнома” -и Фирдавсӣ - ҳамосасарои эронӣ дар кишвари Покистон шинохташуда ва аз аҳамияти бисёре бархӯрдор аст.

Биступанҷуми урдибиҳишт (15 май) дар тақвими миллии Эрон рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, бузургтарин ҳамосасарои Эрон ва ҷаҳон номгузорӣ шудааст, ки зодгоҳаш Тӯс аст.

Профессор Фалиҳа Заҳро Козимӣ, раиси Донишгоҳи забону адабиёти форсии донишгоҳи “Эл Си”-и бонувони Лоҳури Покистон дар ойини бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ки ба сурати маҷозӣ дар Буҷнурд, маркази устони Хуросони Шимолӣ, шимоли шарқи Эрон баргузор шуд, афзуд: Фирдавсӣ дар густараи фарҳангу забони форсӣ дар шумори пуровозатарин ҳамосасароёни ҷаҳон ҷойгоҳе бас боло дорад ва дар ҳар ҷои ҷаҳон, ки ҳарф аз забони форсӣ ба миён меояд, дар канори он низ номи Фирдавсӣ медурахшад.

Шӯҳрати ҷаҳонии Фирдавсӣ ба хотири китоби “Шоҳнома” аст, ки ин шоири номии эронӣ сурудани онро аз даврони ҷавонӣ оғоз кард ва сурудани “Шоҳнома” 30 сол тӯл кашидааст.

 

Барчасп