Май 26, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Амрико дар бораи интиқоли бахши аз нерӯҳои Русия аз Сурия ба Украина
    Иддаои Амрико дар бораи интиқоли бахши аз нерӯҳои Русия аз Сурия ба Украина

Вазорати дифоъи Амрико муддаъӣ интиқоли бахше аз нерӯҳои Русия аз Сурия ба Украина шуд.

Бо гузашти беш аз се моҳ аз ҷанги Украина то кунун 25 кишвар иқдом ба ирсоли силоҳои мухталифи низомӣ барои Киев карданд ва кишварҳои ғарби ба саркардагии Амрико дар талош барои илқои ба бунбаст расидани Русия дар ҷанги Украина ҳастанд.

Руси ҳушдор дода аст таҷҳизоти низомие, ки Амрико ва Аврупо дар ихтиёри Украина қарор медиҳад сабаби зиёд шудани муноқиша дар Украина мешавад ва паёмадҳои ғайри қобили пешбини ба дунбол дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати дифоъи Амрико имрӯз иддао кард, ки нерӯҳои Русия дар ҳоли хуруҷ аз пойгоҳи низомии Ҳумайм дар Сурия ва эъзом ба ҷанг дар Украина ҳастанд.

Вазорати дифоъи Амрико муддаи шуд, ки артиши Русия аз чанд ҳафтаи пеш шуруъ ба хуруҷи тадриҷии неруҳои худ аз Сурия ба вижа аз пойгоҳи Ҳумайм намуда аст.

Ҳамзамон бо дархостҳои пай дар пайи Украина барои пайвастан ба НАТО ва дарёфти кумакҳои чандин миллион долларии ин кишвар аз ғарбиҳо ва дар пайи таҳаррукоти ахири ғарб дар наздикии марзи Русия Владимир Путин, раиси Ҷумҳурӣ ин кишвар 24 феврал дар посух ба дархости кумаки низомии сарони ҷумҳуриҳои Данетск ва Луганск дар шарқи Украина дастури ҳамлаи низомӣ дар минтақаи Донбассро содир кард баъд аз он ҷангандаҳо, тупхонаҳо ва сомонаҳои мушакии Русия мавозеъи низомии Украинаро ҳадаф қарор доданд..

Путин таъкид карда аст, ин ҳамла ба Украина барои халъи силоҳ кардани ин кишвар аст.

Раиси Ҷумҳурии Русия ҳамчунин ҳудор дода аст, ки иқдоми кишварҳои ғарби дар ирсоли силоҳ ва муздур ба Украина ин кишварро ба хун мекашад.

Маскав то кунун борҳо ба кишварҳои ғарби дар бораи мусалаҳ кардани Украина ва низ бетаваҷуҳи ба нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамалоти нерӯҳои украинӣ ба сокинини рустабор дар шарқи Украина ҳушдор дода аст.

Кишварҳои ғарбӣ ба вижа Амрико дар солҳои гузашта аз давлати Украина ҳимоятҳои моллӣ ва низомии густараде дошта ва пас аз шуруъи даргириҳо дар ин кившар низ ба ҳимояти худ дар канори фиристодани муздур идома доданд.