Июл 18, 2022 17:30 Asia/Dushanbe
  • Захарова: Иқдомоти Амрико таъсири дар идомаи ҳамалоти Русия ба Украина нахоҳад дошт
    Захарова: Иқдомоти Амрико таъсири дар идомаи ҳамалоти Русия ба Украина нахоҳад дошт

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, бо ишора ба иқдомоти Амрико дар қиболи Украина эълом кард ҳамалот ба Киев идома хоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо бар асоси паёми твиттери саифаи корбарии Вазорати хориҷаи Русия, Захарова дар суханони худ гуфт: Муҳим нест, ки Амрико ва муттаҳидонаш чиқадар талош мекунанд то тавоноӣ размии Киевро тақвият кунанд, Русия ба амалиёти низомии махсуси худ идома хоҳад дод ҳадафҳои мо бояд муҳақақ шаванд.

Давлати Амрико рузи якшанбе эълом кард, дар ростои талош барои шикасти нерӯҳои ҳавоӣ Русия дар набард бо Украина қасд дорад халабонони украиниро омӯзиш диҳад. Маҷлиси намояндагони Амрико дар ростои ин тасмим 100 миллион доллар барои омӯзиши халабонони украинӣ барои парвоз бо ҳавопаймоҳои ҷангандаи амрикоӣ тасвиб кард.

Дар руйдоди муртабити дигар, нерӯҳои ҳавоӣ Британия дар иқдоми таҳриккунандаи дигар зидди Русия теъдоди чархболи Шинукии худро ба пойгоҳи ҳавоӣ наздики марзи Эстони бо Русия эъзом кард.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия 21 феврали гузашта бо интиқод аз бетаваҷуҳии ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетс ва Луганскро дар минтақаи Донбасс ба расмият шинохт.

Путин се рӯз пас аз он 24 феврал низ амалиёти низоми, ки онро амалиёти вижа хонд зидди Украина оғоз кард ва ба ин тартиб равобити пуртаниши Маскав-Киев ба руёруӣ низоми тағири вазъият дод.

Бо вуҷуди кумакҳои ҳамаҷонибаи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба артиши Украина пешравии артиши Русия дар минтақаҳои шарқии Украина ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп