AFC хабари хуби ФИФА -ро таъйид кард. Ҷоми ҷаҳонии баъдӣ бо 48 тим!
(last modified 2022-08-02T10:18:03+00:00 )
Август 02, 2022 15:18 Asia/Dushanbe
  • AFC хабари хуби ФИФА -ро таъйид кард. Ҷоми ҷаҳонии баъдӣ бо 48 тим!

Афзоиши саҳмияи Осиё дар ҷоми ҷаҳонии оянда ба 8,5 саҳмия ба сурати расмӣ мавриди таъйид қарор гирифт.

Сайти Конфедератсияи футболи Осиё бо интишори баёнияе эълом кард, Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) формати роҳёбии тимҳои Осиё ба Ҷоми ҷаҳонии 2026 ва Ҷоми миллатҳои Осиё 2027-ро дар омодасозии ҳашт ҷойгоҳи мустақим ва як саҳмияи плейофи байниқораӣ, ки ба ҷоми ҷаҳонӣ ихтисос додашудаастро таъйид кард.

Конфедератсияи футболи Осиё пас аз афзоиши теъдоди тимҳо дар Ҷоми Ҷаҳонии Футбол 2026 ба 48 тим тавассути ФИФА ин саҳмиябандиро эълом кард.

 

Барчасп