Охирин ҳушдори Чин ба ҷазираи Тайван: Лозим бошад аз зур ҳам истифода мекунем
(last modified Wed, 10 Aug 2022 14:35:11 GMT )
Август 10, 2022 19:35 Asia/Dushanbe
  • Охирин ҳушдори Чин ба ҷазираи Тайван: Лозим бошад аз зур ҳам истифода мекунем
    Охирин ҳушдори Чин ба ҷазираи Тайван: Лозим бошад аз зур ҳам истифода мекунем

Давлати Чин ба ҷазираи Тайван ҳушдор дод лозим бошад аз зур ҳам истифода мекунем.

Ин ҳушдори ҷадиди Чин ба ҷазираи Тайван дар ҳоле аст, ки манобеъи хабари эълом карданд киштиҳои ҷангии Чин ба ҷазираи Тайван бо якдигар ру ба ру шуданд.

Ин сафороӣ киштиҳои ҷангӣ ба дунболи сафари ҷанҷолбарангези Ненси Пелоси, раиси маҷлиси намояндагони Амрико ба ҷазира Тайван анҷом шуда аст.

  • Чин мегӯяд ҳадафи Пекан аз размоиши атрофи ҷазираи Тайван ҳушдор ба Амрико ва дарси ба ҷудойталабони Тайван аст.
  • Чин Тайванро бахши ҷудойнопазири хоки худ медонад ва борҳо талошҳо ба манзури истиқлоли ин минтақа ҳушдор дода аст.

Ба гузориши хабаргузории "Синхуа"-и давлати Чин имрӯз чоршанбе бо судури як санад ва гузориш дар бораи Тайван бо таъкид бар асли як кишвар, ду низом эълом кард Пекан дар сурати лозим барои ҳифзи амнияти Чин ва Тайван аз зур истифода хоҳад кард.

Ҳамчунин дар гузориши давлати Чин таъкид шуда аст Тайван ҳаргиз як кишвар набуда балки бахши аз Чин аст.