Август 15, 2022 10:17 Asia/Dushanbe
  • Амрико мукаррар ба густариши робатаи Русия ва Чин ибрози нигарони кардааст
    Амрико мукаррар ба густариши робатаи Русия ва Чин ибрози нигарони кардааст

Ҳенри Киссинҷер стратежист ( роҳбӯрд шинос) машҳури амрикоӣ дар охарин изҳори назар дар бораи сиёсатҳои Амрико гуфт, Амрико дар остонаи ҷанг бо Русия ва Чин қарор гирфтааст.

Вазири асбақи умури хориҷаи Амрико  дар мусоҳибае бо рӯзномаи Вол стирист  журнол бо ишора ба ин, ки ҷаҳони кунуни рӯи як "номуъодилаи хатарнок" қарор гирифтааст гуфт: Дар остонаи ҷанг бо Русия ва Чин қарор гирифтаем, ба далели ихтилоф бар сари масоиле, ки ҳеч дидгоҳе дар бораи наҳваи поён ёфтани онҳо ё табаъоти онҳо надорем.

Ҳимоятҳои молӣ ва низомии Амрико аз Украина, Амрико ва Русияро дар маърази як набарди мустақим қарор додааст. Амрико то пеш аз ҳамлаи Русия ба Украина сиёсати маҳори Русия дар  марзҳояшро пас аз фурӯпошиии Шуравӣ дар дастур қарор дод. Тавсиаи НАТО  ба шарқ ва сипас ҷумҳӯриҳои истиқилол ёфта аз Шуравӣ дар ростои ҳамин  стратежи ба иҷро гузашта шуд.

Амрико барои тавҷеҳи тавсиаи НАТО барномаи "мушорикатҳои сулҳ" -ро дар иҷлоси сарони НАТО дар  Бруксел дар  январи соли 1994 ба тасвиб расонд. Санади фавқ, муҳимтарин меконизми фароянди густардаи НАТО буд. Дар  ин санад омадааст, ки эҷоди мушорикат, баёнкунандаи ин эътиқоди муштарак аст, ки субот ва амният дар минтақаи Аврупо- Атлантик танҳо аз тариқи ҳамкори ва иқдоми даста ҷамъи қобили ҳусул аст.   Ҳимоя ва тавсиаи озодиҳои асоси ва ҳуқуқи башар , ҳифзи озоди ва адолат ва сулҳ аз тариқи демократия аз ҷумлаи арзҳишҳои асоси дар ин мушорикат унвон шуд. 

Амрико бо ҷалби мушорикати Русия дар  барномаи мушорикат бо сулҳ ба дунболи сиёсатзудоӣ аз тавсиаи НАТО буд. Аммо иқдомоти Амрико барои густариши НАТО наметавонист дар баланд муддат тавҷеҳгари сиёсатҳои ҳифз ва густариши чатри амниятии Амрико дар Аврупо ва сипас ба ҷумҳӯриҳои Шуравӣ бошад.

НАТО дар амал ба иброз барои инқилобҳои махмали ва тавсиаи нуфӯзи Амрико ва Ғарб дар ҷумҳӯриҳои истиқлол ёфта аз Шуравӣ ва тангтар кардани ҳалқаи ҳавзаи нуфӯзи Русия табдил шуд. Густариши НАТО ба марзҳои Русия таҳдиди баланд муддат барои ҳокимият ва тамомияти арзии Русия ба шумор меояд. Русия ба унвони як қудрати жеополетик ва низомӣ барои ҳежемуни (тасаллут) Амрико пас аз фурӯпошии Шуравӣ чолишофарин буд. Ин кишвар дар ниҳоят дар баробари тавсиаи НАТО  ба ҷумҳӯриҳои Шуравӣ истод дар НАТО нуқтаи таҳрикомези Амрико барои ташдиди бӯҳрон маҳсуб мешавад.

 Киссинҷер муътақид аст НАТО бо ирсоли ин паём ба Украина, ки метавонад ба ин Эътилоф бипайвандад муртакиби иштибоҳе шудааст.

Вокуниши давлатҳои Ғарбӣ ба ҳамлаи Русия ба Украина ва иттихози шаддидтарин таҳримҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ  сабаби тақвияти равобити  Русия ва Чин шуд. Амрико мукаррар ба густариши робатаи Русия ва Чин ибрози нигарони карда ва бо ташдиди сиёсати Чинҳароси ва тақвияти таҳрикоти сиёсӣ  ва низомӣ дар Шарқи Осиё, муъодилоти сиёсӣ ва низомӣ дар Шарқи Осиёро ба ҳам рехтааст.

 

Охарин иқдоми Амрико дар ростои ташдиди таниш бо Чин сафари Нэнси  Пелоси Раиси  Маҷлиси Намояндагон ба Тайван бо вуҷӯди мухолифат ва таҳдидоти Чин буд. Киссинҷер мунтақиди ин  сиёсати давлати Байден аст.

Вазири хориҷаи асбақи Амрико муътақид аст сиёсати Амрико ва Чин дар қиболи Тайван дар 50 соли гузашта сабаби эҷоди як ҳукумати демократи дар Тайван шудааст. Бинобарин Байден дар анҷоми иқдомоте, ки ин сохтори асосиро ба ҳам мерезанд, бисёр муроқиб буд, мавзуъоте, ки аз тарафи давлати кунунии Амрико нодида гирифта шудааст.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп