Август 19, 2022 21:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зеленский, Эрдуғон ва Гутерреш дар ғарби Украина
    Дидори Зеленский, Эрдуғон ва Гутерреш дар ғарби Украина

Нишасти сеҷонибаи сарони Украинаву Туркия ва дабири кулли Созмони Милал рӯзи панҷшанбе дар Левив, ғарби Украина баргузор шуд. Дар ин нишаст Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар бораи масоили Украина дар шаш моҳи ҷанг гуфтугӯ ва табодули назар шуд.

Содироти ғаллот ва муҳофизат аз бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо дар давраи ҷанг аз мавзуоте буд, ки дар ин нишаст ба онҳо пардохта шуд.

Масъалаи содироти ғаллоти Украина ба дигар кишварҳо аз ҷумлаи мавзуҳои мавриди баҳс дар ин нишаст буд. Бо тавваҷуҳ ба тавофуқи чандҷонибаи ахир, содироти ғаллоти Украина аз масири дарёи Сиёҳ бо боргирӣ ва эъзоми киштиҳои борӣ аз сар гирифта шудааст.

Туркия, СММ, Русия ва Украина моҳи гузашта дар бораи азсаргирии содироти ғаллот аз се бандари Украина тавофуқ карданд. Вазирони дифои Русия ва Туркия ва вазири зерсохти Украина дар 22 июл дар нишасте дар Истанбул бо ҳузури Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ва Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал дар хусуси ҳамлу содироти эмини ғаллоту маводи ғизоӣ аз бандарҳои Украина тавофуқномае имзо карданд.

Боргирии киштиҳои ҳомили ғаллот пас аз ҳушдори Созмони Милал дар бораи густариши қаҳтӣ дар бархе нуқоти ҷаҳон ба далели таваққуфи интиқоли ғаллот аз Украина ва ба дунболи он афзоиши қиматҳо оғоз шуд.

Азсаргирии содироти ғаллот таҳти назорати маркази ҳамоҳангии муштарак дар Истанбул бо баррасии киштиҳои ҳомили ғаллот ва тавассути маъмурони Русия, Украина, Туркия ва нозирине аз Созмони Милал анҷом мешавад.

Яке аз аҳдофи нишасти сеҷонибаи Зеленский, Эрдуғон ва Гутерриш эҷоди ҳамоҳангии бештар дар ин замина ва афзоиши содироти ғаллоти Украина буд.

Аммо масъалаи муҳимтар, ки акнун ба дағдағаи нахусти амниятӣ дар Аврупо табдил шуда, вазъияти пурхатари нерӯгоҳи ҳастаии Зопороже аст. Стефан Дуҷорик, сухангӯи Созмони Милал пеш аз ин нишаст эълом карда буд, ки се мақоми ҳозир дар ин гирдиҳамоӣ қарор аст дар мавриди нерӯгоҳи ҳастаии Зопороже дар ҷануби Украина, ки дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри неруҳои рус аст, бо якдигар гуфтугӯ кунанд.

 

Барчасп