Интиқоди Маскав аз инфиоли Олмон дар муқобила бо ҳамла ба амокини дипламатики Русия
(last modified Sun, 16 Oct 2022 06:39:47 GMT )
Октябр 16, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • Захарова ҳамчунин аз Берлин хост амнияти сафоратхонаи Русия дар пойтахт ва консулгариҳои Русия дар дигар манотиқи Олмонро тақвият ва таъмин кунад
    Захарова ҳамчунин аз Берлин хост амнияти сафоратхонаи Русия дар пойтахт ва консулгариҳои Русия дар дигар манотиқи Олмонро тақвият ва таъмин кунад

Давлати Маскав адами вокуниши мақомоти олмониро дар бархурд бо иқдоми харобкорона алайҳи сохтмонҳои типламатики Русия дар ин кишвар, маҳкум кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Мария Захарова  сухангуи Вазорати умури хориҷаи Русия дар як нишасти хабари нисбат ба  адами вокуниши мақомоти Олмон ба харобкории гуруҳҳои созмон ёфтаи ҳамфикр бо Киев алайҳи сохтумони сафорат ва сарконсулгарии Русия дар ин кишвар ибрози инзиҷор кард.

Тибқи таъиди дипламатҳои Русия, чанд рӯз қабл харобкорон бо партоби бутри ва бодкунакҳои ҳовии ранг ба сохтумони сафорати Русия дар шаҳри Берлини Олмон ҳамла кардаанд.

Захарова афзӯд: Мо шаддидан ба сабаби фиқдони посухи муносиби мақомоти олмонӣ  ба иқдомоти харобкоронаи гурӯҳҳои созмонёфтаи авомили ҳамфикри бо режими Киев дар даҳуми октябр 2022 алайҳи сафоратхонаи Русия дар шаҳри Берлин ва сарконсулгарии Русия дар шаҳри  Франкфрӯди Олмон нороҳат ҳастем.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия мутазакир шуд: Мо таъкид мекунем мақомоти олмонӣ бояд ба сурати амалӣ ва на расмӣ тааҳудоти қонунии байналмиллалиро , ки таҳти конвонсиюни равобити дипламатики соли 1967 Вин барои амнияти сохтмонҳои намояндагиҳои дипламатики хориҷӣ дар кишварашон тақабул кардаанд иҷро кунанд.

Захарова ҳамчунин аз Берлин хост амнияти сафоратхонаи Русия дар пойтахт ва консулгариҳои Русия дар дигар манотиқи Олмонро тақвият ва таъмин кунад.