Ноябр 14, 2022 18:58 Asia/Dushanbe
  • Макрон дар як мудохилагарии ошкор дар умури Эрон, бо Масеҳ Алинажод дидор кард
    Макрон дар як мудохилагарии ошкор дар умури Эрон, бо Масеҳ Алинажод дидор кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани дидори раиси ҷумҳурии Фаронса бо маонид (душман) -и зиддиэронӣ ва ҳамроҳонаш, ин иқдомро нақзи фоҳиши масъулиятҳои байналмилалии Фаронса дар мубориза бо терроризму хушунатталабӣ унвон кард.

Дар ҳафтаҳои ахир мақомҳои фаронсавӣ бо дахолате ошкор дар умури дохилии Эрон, аз нооромиҳо дар кишвар ҳимоят карданд, ки дар охирини онҳо ҷумъаи гузашта Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса бо гуруҳе аз чеҳраҳои маониди зиддиэронӣ дар Порис дидору гуфтугӯ кард.

Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе гуфт: Ҷои шигифтӣ аст, ки раиси ҷумҳурии як кишвари муддаии озодӣ бо таназзул додани сатҳи худ, бо фарди манфуру бозичае дидор мекунад, ки тайи моҳҳои ахир талош кардааст ба вузуҳ ба нафратпароканӣ ва иқдомоти хушунатбору террористӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва низ алайҳи амокини дипломатӣ ва дипломатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар хориҷ аз кишвар доман бизанад.

Давлати Фаронса дар чанд ҳафтаи ахир ҳамонанди бархе дигар аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмону Британия ба мудохилаҷӯии ошкор дар умури Эрон пардохтааст ва акнун яке аз ҳомиёни аслии нооромиҳову ошӯб ва ҳамчунин ташдиди таҳримҳои сиёсиву иқтисодии зидди Эрон маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин росто, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса рӯзи ҷумъа дар як мудохилагарии ошкор дар умури Эрон ва бо ҳадафи таъсир гузоштан бар раванди нооромиҳои ахир, бо Масеҳ Алинажод, чеҳраи маониди мустақар дар Ню-Йорк, Лодани Барӯманд, Шимо Бобоӣ ва Руъё Маҷидӣ дар Кохи Элиза дидор кард, ки бо истиқболи расонаҳои бегона ва маонид рӯ ба рӯ шуд.

Баргузории ин дидор, ки бо талоши гуруҳҳои маониду таҷзияталаб баргузор шудааст, бори дигар нишон медиҳад, ки давлати Фаронса бидуни дар назар гирифтани масъулиятҳои байналмилалии худ, бо афроде ҳамроҳӣ мекунад, ки дар ҳафтаҳои ахир бештарин фаъолиятҳоро барои ташдиди ошӯбу иғтишошот дар Эрон анҷом додаанд. Бинобар ин, ин дидор метавонад ба маънои тарвиҷи хушунату нақзи тааҳҳудоте талаққӣ шавад, ки давлати Фаронса дар заминаи мубориза бо терроризму хушунатталабӣ ба ӯҳда дорад.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷаи Фаронса низ чанде пеш иқдом ба судури баёнияи мудохилаҷӯёна дар бораи таҳаввулоти ахир Эрон карда буд ва се тан аз вузарои мушовири давлати он кишвар ҳам дар тазоҳуроти зиддиэронии Порис ширкат карданд. Фаронса ҳамчунин ба ҳамроҳи Олмон ва чанд кишвари дигари аврупоӣ ба дунболи эъмоли таҳримҳои бештари Иттиҳоди Аврупо зидди Эрон аст.

Возеҳ аст, ки таҳаввулоти кунунӣ бори дигар мавозеъ ва аҳдофи кишварҳои ғарбие ҳамонанди Фаронсаро, ки то кунун муддаии талош барои ба натиҷа расидани музокироти Вена дар бораи лағви таҳримҳои Эрон буданд, нишон медиҳад, ин кишварҳо ҳам саъй дар идомаи нооромиҳои Эрон доранд ва ҳам ин шароитро барои эъмоли таҳримҳои ҷадид ва фишорҳои бештар бар Эрон муносиб медонанд.

Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кардааст, ки дар сурати рафторҳои мудохилаҷӯёна, гузинишӣ ва истифода аз сиёсатҳо ва меъёрҳои дугона аз сӯи Иттиҳоди Аврупо ва ё ҳар як аз кишварҳои аврупоӣ, Эрон низ вокуниши мутаносибу мутақобил нишон хоҳад дод. Дар ҳамин хусус Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо бархе ҳамтоёни аврупоӣ ва Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки ҳаргуна рафтори ғайрисозандаи онҳо бо иқдоми мутақобил аз сӯи Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп