Ноябр 20, 2022 18:14 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии ситораи пешини тими миллии футболи Италия: Эрон - Ҳоланд дар якҳаштуми ниҳоӣ

Ситораи пешини тими миллии Италия ва бошгоҳи «Интер Милан» гуфт, Эрон ва Англия аз гурӯҳи дувуми Ҷоми ҷаҳонӣ сууд хоҳанд кард.

Ба гузориши "Варзиш 3", Валтер Дзенга, ситораи пешини тими миллии Италия ва бошгоҳи Интер дар остонаи шурӯи Ҷоми ҷаҳонии 2022 аз эҳтимоли роҳёбии Эрон ба даври ҳазфӣ суҳбат кард.

Вай аз гурӯҳи дуввум, Англияро ба унвони тими аввал ва Эронро ба унвони тими дувум, шоистаи сууд ба даври ҳазфӣ донист.

Бо таваҷҷуҳ ба пешбинии сӯратгирифта аз сӯи Дзенга, Эрон дар даври як ҳаштуми ниҳоӣ ба Ҳоланд хоҳад хӯрд, ки дар сӯрати таҳаққуқи чунин иттифоқе, ҷаззобият барои футболдӯстон ба авҷ хоҳад расид. Дзенга ҳамчунин тими миллии Аргентинаро қаҳрамони ин давра аз мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ донист.

Тими миллии футболи Эрон фардо душанбе, 21 ноябр дар варзишгоҳи Халифаи Қатар ба масофи тими миллии Англия меравад.

Ҷоми ҷаҳонии футболи Қатар, 22-умин Ҷоми ҷаҳонӣ аст, ки аз 21 ноябр то ҳаждаҳуми декабри 2022 ба мизбонии кишвари Қатар баргузор хоҳад шуд ва тими миллии футболи Эрон, дар гурӯҳи “B” бо Англия, Амрико ва Вейлс ҳамгурӯҳ аст.

Ҷоми ҷаҳонии футбол, пурбинандатарин рухдоди варзишӣ дар дунё аст ва ҳар чаҳор сол як бор барои мушаххас шудани қаҳрамони футболи ҷаҳон баргузор мешавад.

 

Барчасп