Декабр 27, 2022 13:14 Asia/Dushanbe
  • Чароғи сабзи Конфедератсияи футболи Осиё, Русия дар як қадамии ҳамсоягии бо Эрон
    Чароғи сабзи Конфедератсияи футболи Осиё, Русия дар як қадамии ҳамсоягии бо Эрон

Федератсияи футболи Русия аз моҳи гузашта ба сурати ҷидди барои пайвастан ба Конфедератсияи футболи Осиё вориди амал шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Александр Дюков, раиси Федератсияи футболи Русия ба таври хос суҳбат кард: Ин фурсати барои футболи Русия аст то ба мусобиқоти расмии байналмилали боз гардад фурсати барои баргузории мусобиқоти расми барои бошгоҳҳо ва тимҳо вуҷуд хоҳад дошт ин дақиқан интиқол ба Конфедератсияи Осиё аст, ки онро ба мо медиҳад. Ин мавзуъи аст, ки ҳадиақал барои 10 соли оянда бар пешрафти футбол мо таъсир хоҳад гузошт.

Масъулони Федератсияи футболи Русия дар замони Ҷоми Ҷаҳонии дар Қатар бо масъулони Конфедератсияи футболи Осиё дар ин замин вориди музокира шуданд ва масъулони Конфедератсияи футболи Осиё ба пайвастани Русия ба ин ниҳод ибрози ризоят карданд.

 Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо ба далели ҷанги Русия ва Украина футболи ин кишварро ба ҳолати таълиқ даровада аст ба ҳамин хотир русҳо ба дунболи пайвастани ба  Конфедератсияи футболи Осиё ҳастанд.

Федератсияи Русия қарор аст то поёни ҳафта тасмими ниҳоӣ худро барои пайвастан ба Конфедератсияи футболи Осиёро эълом кунад то битавонад барои мусобиқоти муқадимотии Ҷоми Ҷаҳонии 2026 дар Осиё корашро оғоз кунад.

 

Барчасп