Январ 01, 2023 13:52 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии Сандуқи байналмилалии пул дар бораи рушди иқтисоди Эрон дар соли 2023
    Пешбинии Сандуқи байналмилалии пул дар бораи рушди иқтисоди Эрон дар соли 2023

Сандуқи байналмилалии пул соли 2023-ро соли ҳамроҳ бо рушд ва равнақ барои иқтисоди Эрон пешбини карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сандуқи байналмилалии пул бо тарсими чашмандози мусбат ба иқтисоди Эрон дар соли 2023 пешбини кард, ки 10 шохиси калони иқтисодии Эрон дар ин сол бо рушд ва беҳбуд нисбат ба соли қабл аз он муваҷаҳ шавад.

Бар асоси пешбинии ин ниҳоди байналмилали иқтсиоди Эрон дар соли 2023, 19 миллиард доллар бузургтар хоҳад шуд ва ба марзи 1 ҳазору 700 миллиар доллар хоҳад расид, тавлиди нохолиси дохилии Эрон бар асоси шохисаи қудрати харид, ки дар соли 2023 беш аз 1 ҳазору 599 миллиард доллар баровурд шуда аст дар соли 2023 ба 1 ҳазору 690 миллиар доллар афзоиш хоҳад ёфт.

Ба ҳаминтартиб тавлиди нохолиси дохилии саронаи Эрон бар асоси шохиси қудрати харид 865 доллар афзоиш хоҳад ёфт ва аз 18 ҳазору 663 доллар дар соли 2022 ба беш аз 19 ҳазору 528 доллар дар соли 2023 хоҳад расид.

 

Барчасп