Январ 20, 2023 17:36 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Эҳтимоли ҳамлаи ҷадиди Русия дар феврали 2023\"

Раиси Кумитаи низомии НАТО гуфт, Русия эҳтимолан дар баҳор ҳамлаи низомии ҷадидеро дар Украина оғоз хоҳад кард.

Раиси Кумитаи низомии НАТО пас аз нишасти раисони ситодии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар конфронси хабарӣ афзуд, аҳдофи стротежии Маскав тағйир накардааст, бинобар ин НАТО пешбинӣ мекунад, ки ҳамлаи ҷадиде аз сӯи Русия дар Украина анҷом хоҳад шуд.

Раиси Кумитаи низомии НАТО аз украиниҳо хост, барои ҳамлаи эҳтимолӣ омода шаванд.

Генерал Валерий Залужний, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ пештар бо пешбинии эҳтимоли ҳамлаи ҷадиди Русия дар феврали 2023 гуфта буд, ин ҳамла мумкин аст на аз Донбасс, ки дар ҳоли ҳозир даргирӣ дар он ҷараён дорад, балки аз самти Беларус ба самти Киев анҷом шавад.

Ҷанги Украина бо ҳамаи паёмадҳои густардаи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангиаш ёздаҳумин моҳи худро мегузаронаду ирсоли таслеҳоти кишварҳои ғарбӣ барои Украина ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп