Январ 23, 2023 18:41 Asia/Dushanbe
  • Боррел: Қарор додани сипоҳ дар феҳристи террористӣ, бидуни ҳукми додгоҳ имконпазир нест

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо эълом кард, афзудани номи сипоҳ ба феҳристи ба истилоҳ созмони террористии ин иттиҳодия бидуни судӯри ҳукми додгоҳе дар як аз кишварҳои узв, имконпазир нест.

Порлумони Аврупо дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ ва мавозиаи мудохилаҷӯёнаи ахири худ дар умӯри Эрон, рӯзи панҷшанбе (19 январ) бо тасвиби тарҳе зиддиэронӣ, хостори қарор гирифтани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар феҳристи мавсӯм ба «террористӣ»-и Иттиҳоди Аврупо шуд. Албатта мусавваботи порлумони Аврупо илзомовар нест ва танҳо дар ҳукми пешниҳод ба Шӯрои Аврупо аст.

Ҷозеп Боррел рӯзи душанбе дар остонаи баргузории нишасти вазирони умӯри хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел дар бораи раъйи порлумони Аврупо мабнӣ бар афзудани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба феҳристи мавсӯм ба "созмонҳои террористии Иттиҳоди Аврупо" гуфт, танҳо ҳангоме метавон як созмонро дар феҳристи ёдшуда изофа кард, ки додгоҳи як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо баёнияи ҳуқуқӣ содир кунад ва баъд аз он мо дар сатҳи Аврупо мавзӯро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Вай афзуд, ба истинод ба инки созмонеро дӯст надорем, наметавонем онро террористӣ баномем.

Боррел дар айни ҳол афзуд, дар нишасти рӯзи душанбеи вазирони умӯри хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар бораи афзудани номҳои бештаре аз Эрон ба феҳристи таҳримҳо дар чорчӯби мавзӯи нақзи ҳуқуқи башар, тасмимгирӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп