Апрел 12, 2017 10:11 Asia/Dushanbe
  • Китобҳои мансуб ба Имом Ризо алайҳиссалом

Китобҳои мансуб ба Имом Ризо алайҳиссалом

1- Садуқ дар Уюну ахбору-р-Ризо алайҳиссалом рисолае аз он ҳазрат нақл карда, ки дар ҷавоби Муҳамад ибни Синони Қумӣ дар Илали аҳком навишта аст ва дар он панҷоҳупанҷ иллат аз илали шароеъ рақам рафта ва дар боби 32-и Уюну ахбору-р-Ризо: ҷ.2 саҳ. 88-98 манқул аст.

 2- Китоби Илали Фазл ибни Шозон, ки ҳамаро аз Имом Ризо алайҳиссалом шунида ва ҷамъ карда ва аз он ҳазрат ба Алӣ ибни Муҳаммад ибни Қутайбаи Найшобурӣ нақл мекунад. Уюну ахбору-р-Ризо: ҷ. 2 саҳ. 99-121. Илал ва аҳкоми динӣ дар он баён гардида аст.

3- Рисолае ки он ҳазрат барои Маъмуни Аббосӣ дар маҳзи ислом ва шароеъи дин марқум фармуда ва Садуқ алайҳирраҳма онро дар Уюну ахбору-р-Ризо, боби 35, ҷ. 2 саҳ.121-127оварда аст.

4- Рисолае ки боз барои Маъмуни Аббосӣ дар бораи шариъат навишт. Ҳасан ибни Шуъба дар Туҳафу-л-уқул нақл карда: Маъмун, Фазл ибни Саҳлро маҳзари Имом Ризо салавотуллоҳи алайҳи фиристод ва пайғом дод, ки дӯст дорам барои ман аз ҳалолу ҳаром ва воҷиботу сунан бинависӣ, ки ту ҳуҷҷати Худо бар халқ ва маъдани илм ҳастӣ.

Имом алайҳиссалом давот ва коғаз хост ва навишт: Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Он гоҳ Ибни Шуъба ин рисоларо ба тафсил нақл мекунад: Туҳафу-л-уқул: саҳ. 415-423. Ривоёти Имом Ризо алайҳиссалом.

5- Рисолаи Заҳабия, рисолае буд ки Имом алайҳиссалом дар бораи тиб ва беҳдошт ва сиҳати бадан тавассути ғизоҳо барои Маъмуни Аббосӣ навишт ва чун Маъмун дастур дод онро бо оби тилло навиштанд, ба рисолаи Заҳабия маъруф гардид. Шайхи Тусӣ дар Феҳрист дар тарҷумаи Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҷумҳури Басрӣ аз он ёд карда ва мефармояд: Ва лаҳу-р-рисолату-з-Заҳабия ани-р-Ризо алайҳиссалом.

Алломаи Маҷлисӣ ҳамаи он рисоларо дар Биҳор ҷ. 59, саҳ 306-356, дар панҷоҳ сафҳа нақл карда ва дар охир фармуда: Абумуҳаммад Ҳасани Қумӣ гӯяд: Чун ин рисола ба дасти Маъмун расид, онро хонд ва шод шуд ва гуфт: Бо оби тилло навишта шавад ва рисолаи Музаҳҳабия номгузорӣ гардад. Нигоранда гӯяд: Рисолаи Заҳабия ва Музаҳҳабия номида шуда аст. Барои мазиди иттилоъ ба Мустадраку-л-васоил: ҷ.3, с. 335 руҷӯъ шавад.

6- Китоби Фиқҳу-р-Ризо ва он китобе аст дар боби фиқҳ. Ин китоб то замони Маҷлисии Аввал машҳур набуд ва аз замони вай маъруф гардид. Иллаташ он буд, ки ҷамоате аз аҳли Қум нусхаи он китобро ба Макка оварданд. Қозӣ Амир Саййид Ҳусайни Исфаҳонӣ онро дид ва яқин кард, ки он таълифи ҳазрати Ризо салавотуллоҳи алайҳи аст. Саййид онро истинсох кард ва бо худ ба Исфаҳон овард ва ба Маҷлисии Аввал нишон дод. Ӯ ва фарзандаш, Маҷлисии Дувум яқин карданд, ки он аз ҳазрати Ризо салавотуллоҳи алайҳи аст.

Илми Имом Ризо алайҳиссалом

Қиёми илмӣ, иршоди мардум, табйини аҳкоми Аллоҳ, баёни шариъат, ки аз вазоифи хосси авлиёи Аллоҳ аст, ҳеч вақт аз Имом Ризо салавотуаллоҳи алайҳи фавт нашуд ва яке аз корҳои асосии он ҳазрат буд, чӣ дар Мадина ва чӣ дар Марв. Аҳкоми бисёре дар кутуби аҳодис аз ёдгори он ҳазрат аст.

Кофӣ аст дар ин боб фақат феҳристи Уюну ахбору-р-Ризо, ки Садуқ дар бораи он ҳазрат навишта аст, мутолиа кунем. Шайх Тусӣ алайҳирраҳма дар Риҷоли худ сесаду ҳафдаҳ нафар аз ровиёнро таҳти унвони Асҳобу-р-Ризо ном бурда, ки ҳама аз он ҳазрат касби файз карда ва ба ифтихори ҳадис расидаанд.

Мардони бузурге амсоли Аҳмад ибни Абинасри Базантӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исои Ашъарӣ, Идрис ибни Исои Ашъарӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷандаби Баҷалӣ, Ҳасан ибни Алии Вашшоъ, Муҳамад ибни Фузайли Кӯфӣ ва дигарон.

Сайид Муҳсини Амин фармуда: Ҷамоате аз аҳли таълиф аз ӯ нақли ҳадис кардаанд, аз ҷумла: Абӯбакри Хатиб дар таърихи худ, Саъолабӣ дар тафсираш, Самъонӣ дар рисолаааш, Ибни Муътаз дар китобаш ва дигарон.

Ҳофиз Абдулазиз ибни Ахзар дар китоби Маъолу-л-итрати-т-тоҳира гӯяд: Абдулссалом ибни Солеҳи Ҳиравӣ, Довуд ибни Сулаймон, Абдуллоҳ ибни Аббоси Қазвинӣ аз вай нақли ҳадис кардаанд.

Алӣ ибни Муҳаммад ибни Ҷаҳм бо он ки носибӣ ва аз душманони аҳли байт аст, нақли мекунад: Дар маҷлиси Маъмун будам, ки Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо низ ҳузур доштанд. Маъмун аз ахборе, ки ишора бар адами исмати анбиё доранд, аз ӯ савол мекард. Ӯ ба ҳар як ҷавоб медод. Маъмун пас аз шунидани ҷавоб мегуфт: Ашҳаду аннака ибну расулиллоҳи ҳаққан. Ва гоҳе мегуфт: Лиллоҳи даррука ё ибна расулиллоҳи. Ва гоҳе мегуфт: Боракаллоҳу фика ё Абалҳасан. Ва низ мегуфт: Ҷазокаллоҳу ан аннбиёиҳи хайран ё Абалҳасан. Ва чун ба ҳамаи саволҳо ҷавоб дод, Маъмун гуфт: Ё ибна Расулиллоҳ! Қалбамро шифо додӣ ва он чи бар ман муштабеҳ буд равшан фармудӣ. Худо туро аз ҷониби анбиёи худаш ва аз ислом ҷазои хайр бидиҳад.

Алӣ ибни Муҳаммад ибни Ҷаҳм изофа кард: Чун суҳбат тамом шуд, Маъмун барои намоз бархост ва дасти Муҳаммад ибни Ҷаъфарро, ки ҳозир буд гирифт ва ман дар пайи он ду равон шудам.

Маъмун ба Муҳаммад ибни Ҷаъфар гуфт: Писари бародаратро чӣ гуна дидӣ? Гуфт: Доност, надидаем, ки аз касе илм омухта бошад. Маъмун гуфт: Писари бародарат аз аҳли байти Паёмбар (с) аст.

Он гоҳ ҳазрати Ризо - салавотуллоҳи алайҳи ба манзили худ бозгашт. Фардои он рӯз ба маҳзари он ҳазрат рафтам ва сухани Маъмун ва ҷавоби амӯяш Муҳаммад ибни Ҷаъфарро ба вай расонадам. Имом хандид ва фармуд: Писари Ҷаҳм! Он чи аз Маъмун шунидӣ, фиребат надиҳад. Ба Худо қасам, ки ӯ ба зудӣ бо ҳила маро мекушад ва Худо аз ӯ интиқоми маро хоҳад гирифт.

Садуқ фармуд: Ин ҳадис аз тариқи Ибни Ҷаҳм аҷиб аст, ки ӯ аз душманон ва бадбинони аҳли байт буд.

 

Риҷоли Тусӣ: 366-396.

Сияру-л-аимма: ҷ.4, с.141.

Уюну ахбору-р-Ризо: ҷ.1, с.195-204. Ба таври тафсил, Биҳор: ҷ.49, с.180.

Уюну ахбору-р-Ризо: ҷ.1, с.195-204. Ба таври тафсил, Биҳор: ҷ.49, с.180.

 

 

 

 

Барчасп