Баракоти вуҷуди Имом Ризо алайҳиссалом дар Эрон
(last modified Thu, 13 Apr 2017 05:34:21 GMT )
Апрел 13, 2017 10:34 Asia/Dushanbe
  • Баракоти вуҷуди Имом Ризо алайҳиссалом дар Эрон

Пас аз шаҳодати мазлумонаи Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (алайҳиссалом) дӯстон ва пайравон мутаваҷҷеҳи зиёрати он ҳазрат шуданд.

Ба баракати вуҷуди Имом Ризо (алайҳиссалом) дар Эрон фазоҳои зиёратӣ ва ибодӣ, мавқуфот, шифохона ё ҳамон дорушшифо эҷод шуд, ки ба шарҳ ва тавзеҳи мухтасаре аз онҳо мепардозем:

1-      Эҷоди фазоҳои зиёратӣ ва ибодӣ:

Буқъаи Разавӣ, нахустин муҳавватаи кӯчаке буд, ки дар миёни боғи калоне қарор дошт. Равзаи мутаҳари Разавӣ аз ҳамон рӯзи нахуст ходим дошт ва шахсе калиддори ҳарами мутаҳҳар буда аст. Пас аз мудате дар канори қабри он ҳазрат масҷид сохта ва дар ихтиёри зоирон қарор гирифт. Ба мувозоти сохтани масоҷид работҳо низ ҷиҳати сукунати зоирони Имом Ризо (алайҳиссалом) сохта шуд, ки мутасаддиён дар он ҷо ба фаъолият мепардохтанд ва барои рифоҳ ва осоиши зоирон кӯшиш мекарданд. (1)

Зоиҳиран нахустин гурӯҳе, ки дар канори қабри мутаҳҳар сукунат ихтиёр мекунанд, ходимони равзаи муборака, касаба ва асноф будаанд. Аз ин таърих, ки замони он мушаххас нест, Машҳади Имом Алӣ ибни Мусо ал-Ризо (алайҳиссалом) маҳали маскунӣ мешавад ва андак-андак дар онҷо сукунат меёбанд ва баъд аз мудате ҳолати як қасабаро ба худ мегирад ва ба Машҳаду-р-Ризо маъруф мегардад. (2)

 Дар қарни сеюм ва чаҳоруми ҳиҷрӣ се гурӯҳ дар Машҳад иқомат доштанд: Нахуст ходимон ва коргузорони равзаи муборака, дувум уламо ва содот, ки барои қурби ҷивор, таблиғи аҳком ва иқомаи шаоири динӣ дар он ҷо сукунат доштанд ва сеюм афроде, ки барои касбу кор ба онҷо рафта буданд ва хоҷатҳои сокинон ва зоиронро бароварда мекарданд. (3)

Салотини Оли Буя ба Машҳади муқаддаси Разавӣ таваҷҷуҳ доштаанд, то он ҷо, ки Рукнуддавла, яке аз амирони ин силсила барои зиёрати ҳазрати Ризо ба Машҳад мушарраф мегардад. (3)

Соҳиб ибни Ибод, ки дар Рай ҳукумат ва вазорат дошта, низ ба Машҳади муқаддас иноят дошта аст. (5)

Дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ, ки мусодиф бо салтанати Темуриён аст, Машҳади муқаддаси Разавӣ ба сурати маркази динӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва иқтисодӣ даромад ва мардум аз атрофу акноф ба онҷо меомаданд. Шоҳрухи Амир Темур, ки дар Ҳирот ҳукумат мекард, ба Машҳади муқаддас инояти бисёр дошт. Дар ин айём ба далели вуҷуди амнияти мардум аз гушаву канор, барои зиёрат ба Машҳад мушарраф мешуданд. Дар ин давраи фазоҳои нав барои ибодат ва зиёрат сохта мешуд ва дар ихтиёри зоирони ҳазрати Ризо (алайҳиссалом) қарор мегирифт.

Гавҳаршод равоқи бузурги Доруссиёда, равоқи Дорулҳуффоз ва равоқи Доруссаломро сохт ва дар ҳамин замон, масҷиди муҷаллал ва бошукӯҳи Гавҳаршод низ бино  гардид. (6)

Масҷиди ҷомеи Гавҳаршод яке аз муҳимтарин ва зеботарин масоҷиди таърихӣ дар билод ва амокини исломӣ ба шумор меравад. Ин масҷиди бошукӯҳ ёдгоре аз қуруни гузашта ва намунае аз меъмориҳои суннатии исломӣ аст, ки дар ҷавори боргоҳи малакутии Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (алайҳиссалом) қарор гирифт ва муттасил ба он аст. Ин масҷид дар соли 821 ҳиҷрӣ бинно гардид ва бонии он Гавҳаршодоғо фарзанди Амир Ғиёсуддин Тархон ва ҳамсари Шохрух фарзанди амир Темур Гурконӣ аст, ки аз хонадони машҳур ва маъруф дар аҳди Темуриён буданд. Гавҳаршодоғо аз бонувони бузург ва некӯкори асри худ ба шумор мерафт ва ёдгори бисёре дар Машҳади Разавӣ ва Ҳирот аз худ бар ҷо ниҳод. (7)

Амокини зиёратӣ дар қарни даҳум ва ёздаҳум мусодиф бо ҳукумат Сафавия дар Эрон аст. Эъломи ташайюъи исноашарӣ ё давоздаҳимомӣ дар соли 907 ҳиҷрӣ ба унвони мазҳаби расмии кишвар дар даврони ҳукумати тозатаъсиси Сафавия, ки ҳануз пояҳои худро таҳким накарда буд, аз сӯи Шоҳ Исмоил дар Табрез, муҳимтарин тасмими вай буд. (8)

Онон мазҳаби ташайюъро дар сарзаминҳои таҳти қаламрави худ густариш доданд ва аз ин рӯ шиъаён ва муҳиббони аҳли байт (алайҳиссалом) низ аз фазои тақия берун омаданд. Дар ин замон Машҳад муқаддаси разавӣ равнақи зиёде ёфт ва мардум, гурӯҳ-гурӯҳ аз шаҳрҳо ва вилоёт ба ин сарзамин рӯй оварданд, ба далели амнияти роҳҳо ва саркӯб шудани мухолифон ва муонидон, зоирон худро аз ақсо нуқоти Озарбойҷон ва Қафқоз ва аз Суғд, Хоразм аз Бадахшон ва Тахористон ва Ҳинду Синд ва ҷанубу шимолӣ кишвари паҳновар ба Машҳади муқаддас мерасидаанд. (9)

Бо шаҳодати Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (алайҳиссалом) аз як сӯ алоқамандон ба мактаби аҳли байт (алайҳиссалом) ба вижа Имом Ризо (алайҳиссалом) бештар мешуданд ва муштоқони он ҳазрат бо таҳаммули заҳамоти бисёр ба зиёрати эшон ҳиммат мегумоштанд. Аз сӯи дигар, бо гузашти замон, фазоҳои зиёратии ҳамроҳ бо меъмории исломӣ ва суннатӣ равнақ ва фузунӣ ёфт. Ва аз тарафе талош барои эҷоди рифоҳи ҳоли зоирони он ҳазрат дар тӯли даврони мухталиф ба унвони яке аз меҳварҳои муҳими фаъолиятҳои мутасаддиёни Машҳаду-р-Ризо (алайҳиссалом) маҳсуб гардид. Ва саранҷом искони уламо ва содот дар ҷивори марқади Имом Ризо (алайҳиссалом) дар ҷиҳати таблиғи дин ва тавсиа ва тарвиҷи ташайюъ низ аҳамияти басазое ёфт.

Гавҳаршодоғо ба сифати иффати иттисоф дошт ва ҳамвора ҳиммати олӣ бар таъмири биқоъи хайр мегумошт. Аз осори ӯ дар шимол Доруссалтанаи Ҳирот, мадраса ва масҷиди ҷомеъ дар ғояти зебу зинат ва дар Машҳад муқаддаси Разавӣ низ масҷиди ҷумъа дар камоли зебоӣ сохта ва мустақиллоти хуб ва асбоби марғуб бар ин биқоъ вақф намуд.

2-      Эҷоди мавқуфот:

Остони Қудси Разавӣ яке аз муассисоти мазҳабӣ аст, ки дорои мавқуфоти бисёр аст. Дар адвори таърих ва аз миёни дӯстону пайравон ва  шефтагони Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (алайҳиссалом) ҳар кас ба қадри истеъдод ва тавоноии худ миқдоре аз дороии худро барои он боргоҳи малакутӣ вақф карда аст, то зоирон ва ниёзмандон аз ҳосили он баҳраманд гарданд.

Тибқи асноди мавҷуд, қадимтарин санадҳои вақф марбут ба қарни даҳум ҳастанд. Қадимтарин санади вақфи ғайриманқул низ марбут ба вақфномаи Атиқ Алии Тусӣ аст, ки соли 931 ҳиҷрӣ танзим шуд. Ва пас аз он вақфнома Сайидалӣ Ҳусайни Гунободӣ аст, ки дар соли 957 ҳиҷрӣ милкеро дар қарияи Зибади Гунобод вақфи Остони Қудс кардааст.(10)

Мавқуфоти ҳазрати Ризо (алайҳиссалом) дар гузашта бисёр густардатар аз имрӯз буда ва акнун рақобати зиёде дар Афғонистон ва ё дар манотиқи Хоразм ва Мовароуннаҳр, ки ҷузъи минтақаи Хуросон будаанд, воқеъ шуда, ки бо таъғйири марзҳои сиёсӣ дар он тарафи марзҳо мондаанд. Гуфтанӣ аст, дар Қафқоз ва Озарбойҷони собиқ Шуравӣ ва дар Ҳинду Покистони низ дар собиқи мавқуфаҳо вуҷуд дошта аст.

Теъдоде муассисаҳои динӣ ба номи Имом Ризо (алайҳиссалом) дар Ҳинд ва Покистон низ акнун вуҷуд доранд, ки мавриди таваҷҷуҳи шиъаён он аст ва мардум дар рӯзҳо хос дар он амокин гирди ҳам меоянд ва аз фазоил ва маноқиби он ҳазрат сухан мегӯянд ва ба номи он имом назру ниёз ‌мекунанд. (11)

Дар миёни мавқуфот аз як деҳи шашдонг, ё як мазраа, ё як боғи бузург, ё вақфи хонаҳои кӯчак ва ё сарои тиҷорӣ, мағоза ва ғайра вуҷуд доранд, ки ҳар кадом ба манзуре аз тарафи воқифон ва дӯстони ҳазрати Ризо (алайҳиссалом) вақф шудаанд. Бештаре амлоки Остони Қудс дар атрофи Машҳад ва навоҳии тобеи Машҳад ва соири шаҳристонҳои Хуросон ва маъдуде низ дар Теҳрон, Қазвин, Рашт, Мозандарон, Озарбойҷон, Кирмон, Исфаҳон ва Шероз аст. Баъзе аз амлоки мазбур шашдонг ва  порае саҳҳом ва маъдуде аз он вақф аст (12)

3-      Шифохона ё дорушшифо:

Бо истинод ба баъзе аз мутуни таърихӣ дармеёбем, ки дар ҷавори боргоҳи малакутии ҳазрат Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (алайҳиссалом) аз қадим шифохона ва ё  дорушшифо вуҷуд дошта ва мардумони мустазъаф аз он баҳра мебурданд. Дар канори қабри мутаҳҳари он Имоми бузург ҳакимон ва табибон будаанд, ки дар шифохонаи муборак, беморонро муолиҷа мекарданд.

Бо таваҷҷуҳ ба шахсияти ҳамаҷониба ва волои Имом Ризо (алайҳиссалом) бониёни хайри алоқаманд ба суннати ҳасанаи хайррасонӣ буда ва қисмате аз дороии худро вақфи остони муқаддаси Разавӣ менамуданд. Ва ҳатто дар канори боргоҳи малакутии  Имом Ризо (алайҳиссалом) Дорушшифо барои муолиҷаи беморон эҳдос гардид.

Дар қарни дувуми ҳиҷрӣ ба далели фишорҳои Уммавиён ва Аббосиён, содот ба эрон муҳоҷират карданд ва дар ҳангоми вуруди Имом Ризо (алайҳиссалом) ба Эрон низ иддае аз онҳо ба ин сарзамин омаданд, ки баъдҳо таҳти таъқиби Аббосиён қарор гирифтанд ва иддаи зиёде аз онҳо дар шаҳрҳои мухталиф ба шаҳодат расиданд ва мазорҳои ҳар як ба қонуне барои фарҳанги ташайюъ табдил гардид ва муҷиботи густариши шиор ва маорифи шиъаро фароҳам кард.

 

Пайнавиштҳо:

1-      Уторидӣ, Таърихи Остони Қудс, ҷ. 2, саҳ. 628.

2-      Ҳамон.

3-      Ҳамон, саҳ. 629.

4-      Шайх Садуқ, Уюну ахбору-р-Ризо (а) саҳ.312.

5-      Шайхи Садуқ китоби Уюну ахбору-р-Ризоро ба Соҳиб ибни Ибод тақдим кард ва далели онро алоқаи вай ба аҳли байт (а), тамассук ба вилояти онон ва эътиқод ба вуҷуби итоат ва қавл ба имомати онҳо ва эҳсон ба шиъаёни онон медонад. Бингаред ба Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Рай, саҳ. 38.

6-      Уторидӣ, Таърихи Остони Қудс, ҷ. 2, саҳ. 630 ва 631.

7-      Ҳамон, саҳ. 715.

8-      Сайварӣ, Эрони асри Сафавӣ, саҳ. 24.

9-       Уторидӣ, Таърихи Остони Қудс, ҷ. 2, саҳ. 632 ва 633.

10-   Ҳамон, саҳ. 554.

11-   Ҳамон, саҳ. 555.

12-   Ҳамон, саҳ. 557 ва 558.