Апрел 17, 2017 10:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳиҷрати таърихии Имом Ризо алайҳиссалом

Имом Ризо алайҳиссалом пас аз шаҳодати падари бузургвораш, дар соли 183 ҳиҷрӣ, дар 35-солагӣ уҳдадори мақоми имомат шуд.

Давраи имоматии эшон бист сол буд, ки даҳ соли нахусти он бо хилофати Ҳорунаррашид, панҷ сол бо хилофати Муҳаммад Амин ва панҷ соли охир бо хилофати Абдуллоҳ ал-Маъмун муосир буд.

Бо шаҳодати Имом Мусои Козим (а), сиёсати зиддиалавии Аббосиён бо шикаст мувоҷеҳ шуд. Мардум беш аз пеш ба аҳли байти исмат (а) гароиш пайдо карданд ва ин гароиш ҳато дар миёни хонаводаи хулафо ва дарбориён низ таъсир кард. Чунонки гӯянд: Зубайда - ҳамсари Рашид ва набераи Мансур ва бузургтарин зани Аббосӣ, шиъа шуд ва чун Ҳорунаррашид аз он огоҳӣ ёфт, савганд хӯрд, ки талоқаш диҳад.

Ривоят шудааст, ки вақте ҷасади мутаҳҳари Имом Козим (а)-ро ба ҷамъи посбонони ҳукумат оварданд ва бо суханони бад хабари марги он бузургворро эълом карданд, Сулаймон, писари Мансури Давониқӣ, фарзандон ва ғуломонро фармон дод пеши ин корро бигиранд. Ӯ худ пойи бираҳна дар пайи ҷаноза ҳаракат кард ва қазияро катбан ба иттилоъи Ҳорунаррашид расонд. Ҳорун дар посух гуфт: Э амӯ, силаи раҳим кардӣ, Худованд ба ту подоши нек диҳад. Ба Худои савганд Сандӣ ибни Шоҳак ин корро ба дастури мо анҷом надодааст.

Ҳамаин  кор ба хотири ҳарос аз шӯриши алавиён сомон ёфт. Чӣ ин ки Сулаймон ибни Ҷаъфар низ аз баргузидагони давлати Аббосӣ буд. Муаййиди ин сухан изҳороти Ҳорун дар посух ба Яҳё ибни Холиди Бармакӣ аст. Яҳё нахуст дар бораи Имом Козим (а) саъй кард ва муқаддамоти шаҳодати он ҳазратро фароҳам оварданд. Онгоҳ дар бораи Имом Ризо (а) ба Ҳоруни гуфт: Пас аз Мусо ибни Ҷаъфар писараш ҷои ӯ нишаста, иддаои имомат мекунад.

Ҳорун аз авоқиби қатли Мусо ибни Ҷаъфар (а) бим дошт, ба  Яҳё гуфт: Он чӣ бо падараш кардем кофӣ нест? Мехоҳӣ якбора шамшер бардорам ва ҳамаи алавиёнро бикушам.

Имом Ризо (а) бо истифода аз фурсати бадастомада, ошкоро изҳори имомат кард. Дар ҳоле ки медонист Имом Содиқ (а), панҷ нафарро васии худ хонд то васии баргузида аз газанди душманон дар амон монад.

Ба ин тартиб бояд гуфт, ки Аббосиён тайи 15 соли оғози ин имомати Имом Ризо (а) ё дар Ҳарос аз алавиён ба сар мебурданд ва ё ба мунозиоти дохилии байни ду бародар, Амин ва Маъмун машғул буданд. Саранҷом, панҷ рӯз пеш аз поёни муҳаррами соли 198 қамарӣ Амин аз хилофат барканор шуд ва ба қатл расид. Дар ин давра ҳукуматҳои мустақиле чун Адориса (Идрисиён) ва Ағолиба (Ағлабиён) пой гирифтанд ва қиёми Абусароё рӯй дод. Дар ин қиём беш аз бист ҳазор нафар ширкат доштанд ва шаҳрҳои зиёде ба тасарруфи қиёмкунандагон даромад. Дар соли 199 ҳиҷрӣ Абусароё ба дасти низомиёни Маъмун  кушта шуд.

 

Вилоятаҳдии Имом Ризо алайҳисалом

Тазалзули шахсияти Маъмун ва қиёмҳо ва ҳукуматҳои мустақил, ки дар андак муддат ҷон гирифта буд, ӯро бар он дошт то ба ҳамон сиёсати пешини Аббосиён, ки бо шиорҳое ба нафъи алавиён ҳукумати аббосиро аз они худ сохтанд, тамассук ҷӯяд ва режими Аббосиро бо тадбири зиракона аз суқути ҳатмӣ наҷот бахшад.

Бештари ҳукуматҳои ба истиқлол расида ва умуми қиёмкунандагон ва раҳбарони онҳо аз хонадони Паёмбар (с) буданд. Чунон ки дар қиёми Абусароё ду тан аз бародарони Имом Ризо (а)  вилояти Яман ва Аҳвозро ба даст гирифта буданд. Маъмун, ки пас аз шаҳодати Имом Козим (а) аз имомати Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (а) огоҳӣ дошт, вайро валиаҳди худ сохт, то оташи инқилобиҳо ва шуришҳои шиъаёнро фурӯ нишонад.

Аҳмад Шиблӣ мегӯяд: ... Чӣ басо ангезаи байъат гирифтани Маъмун барои вилоятаҳдии Имом Ризо (а) он буд, ки мехост ба омоли аҳли Хуросон посух бидиҳад, зеро онон ба авлоди Алӣ (а) тамоюли бештаре доштанд.

Аллома Ҷаъфар Муртазо Ҳусайнӣ мегӯяд: Дар арзёбии шуришҳои зидди Аббосӣ ба ин нукта пай мебарем, ки аз сӯи алавиён хатари ҷиддӣ худи ононро таҳдид мекард, зеро ин шӯришиҳо дар манотиқи бисёр ҳасосе бармехост ва раҳбариаш низ дар дасти афроде буд, ки аз истидлоли қавӣ ва шоистагии ғайри қобили инкор бархӯрдор буданд ва ба ин лиҳоз ҳаргиз бо Аббосиён қобили муқоиса набуданд.

Ин ки мардум раҳбарони ин шуришҳоро таъйид мекарданд ва даъваташро ба суръат посух мегирифтанд, худ далеле буд бар мизони дарки табақоти мухталифи миллат аз хилофати Аббосиён ва низ шиддати хашмашон, ки бар асари истибдод, зулм ва рафтораш бо мардум ва ба вижа бо алавиён барангехта шуда буд.

Дар ин миён, Маъмун беш аз ҳар каси дигар медонист, ки агар Имом Ризо (а) бихоҳад аз он фурсат истифода кунад ва ба таҳкими мавқеият ва нуфузи хеш бар зидди ҳукумати золим бипардозад, чӣ фоҷиае дар интизораш аст.

Бо таваҷҷуҳ ба мақеияти пешомада, Маъмун бояд даст ба коре мезад то аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёбад. Фурӯ нишондани шуришҳои алавиён, машруъият бахшидан ба ҳукумати Аббосӣ, аз миёни бурдани маҳбубияти алавион, ҷалби эътимод ва меҳри арабҳо, хушнуди сохтани Аббосиён, мустамар сохтани таъйиди эрониён, тақвияти ҳусни итминони мардум ба халифае, ки бародари худро кушта аст ва аз миёни бурдани хатари қиёми разавӣ аз ҳақиқатҳое буд, ки Маъмунро дар андешаи найранг фурӯ барад. Ӯ чунон андешид, ки барои хилофати имоми Ризо (а) аз мардум байъат бигирад, то имомро халифаи мусалмонон ва амири Бани Ҳошим аъам аз Аббосиён ва Толибиён, қарор диҳад. Ҳазрати Имом Ризо (а) бо пешниҳоди Маъмун мухолифат кард. Исрори Маъмун ва худдории Имом ду моҳ ба тул анҷомид. Саранҷом Халифа ба ҳазрати Ризо (а) чунин паёме дод:

"... Ту ҳамеша ба гунаи нохушоянде бо ман бархурд мекунӣ, дар ҳоле ки туро аз сатвати худ эминӣ бахшидам. Ба Худо савганд, агар вилоятаҳдиро пазируфтӣ, ки ҳеч, вагарна маҷбурат хоҳам кард, ки онро бипазирӣ, агар боз ҳамчунон имтиноъ биварзӣ, гарданатро хоҳам зад.

Ногуфта пайдо аст, ки пешниҳоди хилофат ҳаргиз ҷиддӣ набуд, чӣ гуна мумкин буд Маъмун, ки барои ба дасти овардани хилофат бародарашро аз миён барад ва аббосиёнро аз худ ранҷонад, онро ба Имом Ризо (а) вогузор кунад?

Ин барнома, муқаддимаи масъалаи вилоятаҳдии Имом Ризо (а) буд, масъалае ки он ҳазрат далоили пазириши онро чунин баён кардааст:

 

  1. Рӯзе Ибни Арафа аз имом пурсид: Ба чӣ ангезае вориди моҷарои вилоятаҳдӣ шудӣ? Имом ҷавоб дод: Ба ҳамон ангезае, ки ҷаддам Алӣ (а)-ро ба вуруд дар шӯро водор кард.
  2.  Имом дар посухи Раён аз ёронаш фармуд: ...Худо медонад чӣ қадар аз ин кор бадам меомад, вале чун маро маҷбур карданд, ки миёни кушта шудан ё вилоятаҳдӣ якеро баргузинам, дар воқеъ ин зарурат буд, ки маро ба пазируфтани он кашонид ва ман таҳти фишор будам.

Дар ин ривоят Имом пазириши вилоятаҳдиро ба пазириши хазонадорӣ аз сӯи  ҳазрати Юсуф монанд мекунад.

Маъмун дар баробари эътирози Аббосиён ба масъалаи вилоятаҳдии Имом Ризо (а) чунин гуфт: Ин мард корҳои худро аз мо пинҳон карда, мардумро ба имомати худ мехонад. Мо ӯро ба ин ҷиҳат валиаҳд қарор додем, ки мардумро ба хидмати мо бихонад ва ба мулк ва хилофати мо эътироф кунад. Дар зимншефтагони ӯ бидонанд, ки ӯ чуноне ки иддао мекунад, нест ва ин амр (хилофат) шоистаи мост на ӯ. Ҳамчунин тарсидам агари ӯро ба ҳоли худ бигзорем, дар кори мо шикофе ба вуҷуд оварад, ки натавонем онро пур кунем ва иқдоме алайҳи мо бикунад, ки тоби муқовиматашро надошта бошем. Акнун ки ин шеваро пеш гирифт, дар кораш муртакиби хато шудем, ва бо бузург кардан ӯ худро дар лабаи партгоҳ қарор додем, набояд дар кораш саҳлангорӣ кунем. Ба ин ҷиҳат бояд кам-кам аз шахсият ва азамати ӯ бикоҳем. Бояд ӯро пеши мардум ба сурате дароварем, ки аз назари онҳо шоистагии хилофат надошта бошад. Сипас дар бораи ӯ чунон чораандешӣ кунем, ки аз хатароти эҳтимолӣ ҷилавгирӣ карда бошем".

 

 Ҳиҷрати Имом Ризо (а) ба Эрон

Вақте кори Амин поёни ёфт ва ҳукумати Маъмун истиқрор пазируфт. Маъмун зимни номаҳои мутааддид аз Имом Ризо (а) хост то ҳамроҳи бузургони алавӣ ба Хуросон биояд ва чун бо мухолифати Имом рӯ ба рӯ шуд пайке барои интиқоли Имом Ризо (а) равонаи Мадина кард.

Садуқ  аз Муҳаввали Сиҷистонӣ нақл мекунад: Замоне ки пайке барои бурдани Имом Ризо (а) ба Хуросон вориди Мадина шуд, ман он ҷо будам. Имом барои худоҳофизӣ аз Расули Худо (с) ба ҳарам омад. Ӯро дидам ки чандини бор аз ҳарам берун омада, дубора ба сӯи оромгоҳи Расули Худо (с) бозгашт ва бо садои баланд гирист. Ман ба имом наздик шудам, салом кардам ва иллати ин амрро ҷӯё шудам. Имом дар ҷавоб фармуд: Ман аз ҷавори ҷаддам берун меравам ва дар ғурбат аз дунё хоҳам рафт.

Ҳасан ибни Алии Вашшоъ нақл мекунад, ки имом ба ман фармуд: Вақте хостанд маро аз Мадина берун бибаранд, аъзои хонаводаамро ҷамъ кардам ва дастур додам бароям чунон гиря кунанд, ки садои онро бишнавам. Сипаси миёни онҳо дувоздаҳ ҳазор динор тақсим кардам ва гуфтам: Ман дигар ба сӯи шумо бознахоҳам гашт.

Маъмун дастур дод Имом Ризо (а)-ро аз масири Басра, Аҳвоз ва Форс ба Марв бибаранд. Чун бими он дошт, агар Имом аз роҳи Куфа, Ҷабал ва Қум ҳаракат кунад, меҳрварзии шиъаён ба шаҳрҳои фавқ, ҳукумати Маъмунро ба хатар андозад.

"Таърихи Қум", ки аз куҳантарин кутуби мавҷуди ҷаҳони ташайюъ аст, ҳиҷрати Имом Ризо (а)-ро чунин нақл мекунад:

...Маъмун Ризоро аз Марв ба Мадина дар суҳбати Раҷоъ ибни Заҳок ба роҳи Басра ва Форс ва Аҳвоз ба Тус оварданд. Аз барои ӯ дар охири санаи миатайн байъат ба вилоятаҳди бастанд ва Имом Ризо (а)-ро ба Тус заҳр дод ва рӯзи душанбе, шаш рӯз аз моҳи сафар монда, санаи салоса ва миатайн мадфуни омад ва умри ӯ чиҳилунуҳ солу чанд моҳ буда аст ва муддати вилоятаҳдӣ ду солу чаҳор моҳ ва қабр ва турбати ӯ ба деҳест аз деҳаҳои Тус, ки онро Санообод мехонанд, ба наздики Нуқон дар сарои Ҳамид ибни Абдулҳамид ат-Тоӣ ат-Тусӣ дар паҳлуи Рашид...".

 Ҳиҷрати имоми Ризо (а) як муҳоҷирати сиёсии иҷборӣ буд, ки дар соли 200 ҳиҷрӣ ба дастури халифаи вақт анҷом шуд. Масири ҳиҷрати Имом аз мадина ба Марв чунин аст:

  1.  Мадина.
  2. Макка (баъзе ин шаҳрро масири ҳиҷрат намедонанд).
  3. Набоҷ.
  4. Басра.
  5. Аҳвоз.
  6. Арбақ (Арбак).
  7. Арҷон (Беҳбаҳон).
  8. Абарқуҳ (Абаркуҳ).
  9. Деҳшер (Фарошоҳ).
  10. Язд.
  11. Қадамгоҳи Харонақ (Машҳадак).
  12. Работи пушти бодом.
  13. Найшобур.
  14. Қадамгоҳи Найшобур.
  15. Деҳсурх.
  16. Тус.
  17. Сарахс.
  18. Марв.

 

Дар ҷараёни ҳиҷрати ҳазрати Ризо (а) се масъалаи умда рӯй дод, ки ба тартиб иборат аст аз: Бемории он бузургвор дар Аҳвоз, истиқболи мардум дар Найшобур ва баёни ҳадиси Силсилатуззаҳаб ва зиндонӣ шудан дар Сарахс.

Бо таваҷҷуҳ ба истиқболи беназири мардуми Найшобур аз Имом Ризо (а) ва баёни  ҳадиси Силсилатуззаҳаб аз сӯи он ҳазрат, режими Аббосӣ чунон шойеъа кард, ки Имом Ризо (а) иддаои улуҳият карда, ӯро ба ин иттиҳом дар Сарахс зиндонӣ сохт. Ин ки Имом (а) чӣ муддат дар зиндон буд, маълум нест. Вале ин воқеа нишон медиҳад, ки пазириши вилоятаҳдӣ амре таҳмилӣ буд. Бо вуруди Имом ба Марв, Маъмун барои анҷом ёфтани нақшаҳо, истиқболи бошукӯҳе аз вай ба амал овард ва пас аз пазириши вилоятаҳдӣ аз сӯи имом, ба номи он ҷаноб сикка зад.

 

http://www.shamstoos.ir/fa/jadevelayat/hejrat

 

 

 

Барчасп