Апрел 26, 2017 12:15 Asia/Dushanbe
  • Хосиятҳои дармонии анор аз дидгоҳи Имом Ризо алайҳиссалом

Анор барои пешгирӣ ва дармони бисёре аз бемориҳо, аз ҷумла, баста ва танг шудани рагҳо ва шараёнҳои бадан (атеросклероз), саратон ва ҳамчунин кӯмак ба тӯли умр ва кунд кардани вокунишҳои пир шудани селулҳо таъсироти фаровоне дорад.

Хурдани анор ҷудо аз фоидаҳои ғизоӣ, аз ҷанбаҳои доруӣ ва асароти дармонӣ низ қобили таваҷҷуҳ аст. Анор барои пешгирӣ ва дармони бисёре аз бемориҳо, аз ҷумла танг шудани рагҳо (атеросклероз) саратон ва ҳамчунини кӯмак ба тӯли умр ва кунд кардани вокунишҳои пир шудани селулҳо таъсироти фаровоне дорад.

Анор аз ҷумлаи меваҳои биҳиштӣ аст, ки дар Қуръони карим аз он ёд шуда аст. Дар Қуръон омада аст:

"Ва зайтун ва анор ва меваҳои муташобеҳи якдигар ва ғайри муташобеҳ ҳастанд". (1)

Худованди мутаъол барои ҳар фасле меваҳои мутаносиб бо он фаслро офарид то ниёзҳои ҷисмии мо инсонҳоро ба беҳтарин ваҷҳ бартараф намояд.

Муҳаққиқони тибби Қуръонӣ муътақиданд, ки анор ба унвони як меваи биҳиштӣ аз ин ҷиҳат дар фасли поиз (тирамоҳ) ба самар мерсад, ки фасли поиз фасли хазони дарахтон ва гирифтагии осмон аст ва барои пешгирӣ аз афсурдагӣ ва нигаронӣ, донаҳои анор бисёр муфид буда ва сабаби шодобӣ мешавад.

Анор дар тибби исломӣ аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор буда ва ҳамвора мавриди таъкид аимма (а) қарор дошта аст. Имом Ризо (а) низ ҳаммонанди аҷдоди бузургвори хеш ҳамеша бар хӯрдани анор таъкид мекарданд. Дар ин маврид дар ривояте фармуданд: "Анори ширин ва турш бихӯр, чунки инсонро нерӯ медиҳад ва хунро зинда месозад". (2)

Анор яке аз меваҳои хушобуранги фасли поиз ва зимистон аст, ки дар муқоиса бо соири меваҳои ин фасл, антиоксидантҳои бештаре барои афзоиши эминӣ, муқовимат ва ҳифозат аз бадан дар муқобили бемориҳо, микробҳо ва вирусҳо дорад. Дармонгарони макотиби тибби суннатӣ дар ҷаҳон аз хавоси доруии ин мева ва донаҳои он барои дармони бемориҳои мухталифе аз қабили бемориҳои қалбӣ, уфунӣ, дандондард ва гӯшдард истифода мекунанд.

Анор хунро соф мекунад, гушояндаи рагҳои бадан ва нармкунандаи шикам ва тақвияткунандаи ҷигар аст. Анор барои ярақон, хафақони қалб ва сурфа, сӯдманд аст. Садоро соф ва суратро ботароват мекунад. Баданро сероб ва кирмҳои меъдаро мекушад.

Имом Ризо (а) ба нақл аз падарони бузургвораш ба нақл аз Паёмбар акрам (с) мефармояд: "Анор бихӯред, ҳар донае аз анор, ки дар меъда қарор мегирад, сабаби нуроняти дил ва лолӣ ё дурии шайтон барои чиҳил рӯз мешавад. (3)

Анор як тасфиякунанда хун буда ва барои ҷигар бисёр муносиб аст. Ба ин далел аз қадим хӯрдани ин мева барои шаффофияти пӯст тавсия мешудааст.

Аз Имом Ризо (а) ҳам нақл шуда, ки анор бихӯред то даҳон покиза ва хушбӯ шавад.

 Мутобиқи назари коршиносон, хӯрдани анор монеи ташкили пилакҳои дандонӣ (кариеси дандон) ва пӯсидагии дандон мешавад.

Имом Ризо (а) ба нақл аз падарони хеш ба нақл аз Имом Саҷҷод мегӯяд: Абдуллоҳ ибни Аббос мегуфт: Ҳар гоҳ Расули Худо (с) як дона анор тановул мефармуд, бо касе шарик намешуд ва мефармуд: Дар ҳар аноре як дона аз донаҳои биҳиштӣ аст. (4)

Дар пизишкии навин хӯрдани анор барои кӯмак ба рушди ҷанин ва саломати фарзанд тавсия шуда аст. Дар ҳамин замина Имом Ризо (а) анорро мевае медонанд, ки барои овардани фарзандони солим тавсия мекунанд ва мефармояд, ки анор фарзандро зебо мегардонад. (5)

Дигар хавоси анор, хосияти зиддиуфуникунандаи он аст. Аз назари тибби суннатӣ меваи анор сард, тар ва қобиз аст. Оби анор сард ва тар ва пӯсти анор сард ва хушк ва бисёр қобиз мебошад.

Тамоми қисматҳои дарахти анор қобиз аст, аммо пӯсти решаи дарахти анор аз бақияи қисматҳои ин дарахт қобизтар аст.

Барои масрафҳои доруӣ аз гул, барг, пӯсти дарахт, пӯсти реша ва донаи анор истифода мешавад. Имом Ризо (а) мефармояд: Дӯди дарахти анор ҳашаротро дур мегарданад ва онҳоро аз байн мебарад. (6)

 

Пайнавиштҳо:

    Сураи Анъом, ояи 141.

    Биҳоруланвор, ҷ. 62, с. 320. Тибби Имом Ризо, с.61.

    Уюну ахбору-р-Ризо (а), ҷ.2, с.32.

    Уюну ахбору-р-Ризо (а), ҷ.1, с.47.

    Маҳосин, ҷ.2, с.546.

    Кофӣ, ҷ.6, с.355.

 

 

 

Барчасп