Апрел 30, 2017 10:19 Asia/Dushanbe
  • Издивоҷ ва ҳамсардорӣ аз дидгоҳи Имом Ризо (а)

Ташкили хонавода дар ислом масаълае ҳаётӣ ва барномае олӣ аст, ки агарчи бар асоси муқаррарот ва қонунҳои қуръонӣ, ривоӣ ва шаръӣ ва баёноти анбиё ва авлиё ҷомаи амал мепӯшад, аммо мояҳои нахустини он ба сурати ғаризаи муҳаббат, отифа, меҳрубонӣ ва ишқ дар мард ва зан ба иродаи ҳакимонаи Аллоҳ Таъоло қарор дода шуда аст.

Худованд дар Қуръони карим ба ин нукта ишора намуда ва эҷоди оромиш ва маваддату раҳмат бар асари издивоҷи байни ҳамсаронро нишонаҳое аз лутфи Парвардгор барои мардуме, ки андеша мекунанд, дониста аст.

Бинобар ин, майли мард ба зан ва баракс, ба хусус ҳангоми шукуфоӣ, рушд ва булуғи ақлӣ ва баданӣ амре табиӣ аст ва барои ҳеч кас қобили инкор намебошад.

 Орзуи барҳақи насли ҷавон барои ташкили зиндагӣ ва паймони заношӯӣ воқеияти мусаллам ва хостае равшан ва возеҳ аст. Ба илова, муҳкамтарин, олитарин ва беҳтарин равиш ва барнома барои пешгирӣ аз гуноҳ ва ҳифзи ҷомеа барои ҷилавгирӣ аз суқут дар ботлоқи гуноҳ ва ибтизолу фаҳшо, издивоҷи писарон ва духтарон дар вақту замони худ муносиб он аст.

Бар ин асос дар марҳалаи аввал бар волидайн ва ақвом ва ниҳодҳои дахлдор воҷиб аст, ки нисбат ба муқаддамоти ин хостаи илоҳӣ иқдом кунанд ва бо дасти худ ба соддатарин равиш ва осонтарини шева, заминаи издивоҷи ҷавонон ва фарзандони худро фароҳам оваранд.

Дар марҳалаи баъд бар писарон ва духтарон зарурӣ аст, ки бинои зиндагии саодатмандонаеро ба дур аз намоишкориҳо ва бо парҳез аз шароити сахт барпо намоянд. Албатта ин мавзӯъ мухолифате бо диққат ва баррасии ҷонибҳои кор ҳангоми интихоби ҳамсар надорад.

Хонаводаҳо бояд бидонад, ки ҳангоми издивоҷ, раҳмати илоҳӣ мутаваҷҷеҳи одамӣ мешавад ва ин барнома нишонаи некбахтии инсон аст ва издивоҷ дар воқеъ суннати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки набояд аз он рӯйгардон буд ва бо иҷрои он ниме аз дини афрод ҳифз мегардад ва ибодати мард ва зани ҳамсардор беҳтар аз ибодати фарди муҷаррад мавриди қабул воқеъ мешавад ва дар ҳар ҳол ҳеч биное дар ислом назди Худованд маҳбубтар аз издивоҷ намебошад.

Таҳқиқ перомуни ҳамсари дилхоҳ

Ҳар кадом аз духтар ва писар мехоҳанд барои худ шарике дар масири зиндагӣ интихоб кунанд, ки то поёни умр бо онҳо хоҳад буд ва аз ҳамаи асрор ва рамзҳояш бохабар хоҳад гардид. Шарике, ки модари фарзандон ва мураббии кӯдакон аст ва ё он ки падар ва масъулу мудири хонавода аст ва дар сурати хуб будан ба обрӯ, иззат ва эътибори тарафайн меафзояд.

Бинобар ин, ақл ва бурҳон чунини қазоват мекунад, ки дар бораи ҳамсари оянда бояд таҳқиқ кард. Аз ин ҷиҳат ҳаштумин фурӯғи имомат, ҳазрати Имом Ризо (алайҳиссалом) фармудаанд:

"Касе ки духтари хешро шавҳар медиҳад, дар воқеъ ӯро аз ҳавзаи ихтиёри хеш берун меоварад ва ин ҳаракат як навъ бардагӣ ва бандагӣ аст, бинобар ин, бояд баррасӣ кард, ки одамӣ духтари худро ба кӣ ва дар ихтиёр чӣ гуна марде қарор медиҳад?"

Бинобар ин духтар ва писар қабл аз издивоҷ бояд аз рӯҳия, одатҳо, ахлоқ ва саломати ҷисмонӣ ва равонии якдигар бохабар бошанд. Ҳазрати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таъкид намудаанд: "Бо афроди дорои ҳасабу насаб васлат кунед, зеро тамомии хислатҳо ва сифоти модар ба фарзандон интиқол меёбад". Ислом ба ҳамин далел мегӯяд, бо афроди аҳмақ издивоҷ накунед.

Ҳамтоӣ дар хислатҳо ва сифатҳо

Қуръон мефармояд: وَ الطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَ الطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ

 "... Ва занони пок барои мардони ва мардони пок барои занони пок ҳастанд..." (Сураи Нур, ояи 26)

Ва ҳамчунин дар ин каломи осмонӣ ва китоби Хотамуланбиё (с) омадааст:فَانكِحُواْ مَا طَابَ لَكُم مِّنَ النِّسَاء

"... Пас бо занони пок издивоҷ кунед..." (Сураи Нисо, ояи 3)

Пас бояд хонаводаҳо муроқиб бошанд, духтари боимони худро ба ҷавоне, ки аҳли ҳақ ва ҳақиқате нест ва худ дар ботлоқи гумроҳӣ дасту по мезанад, надиҳанд ва барои ҷавони пок ва муъмини худ духтареро, ки арзишҳоро пушти по зада, интихоб накунанд.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: "Касеро ки ахлоқ ва динаш мавриди ризоят ва писанди шумо буд, ба ӯ духтар диҳед ва агар аз амалӣ шудани ин васлат ҷилавгирӣ намоед, сабаби фитна ва фасод дар рӯйи замин шудаед".

Дар издивоҷ набояд рутбаҳои фанопазири дунёӣ, мусибатҳои қавмӣ ва қабилаӣ, фақру тавонгарӣ, шаҳру русто ва монанди он милок ва асл қарор гирад.

Ҳазрати Имом Ризо (алайҳиссалом) мусалмононро аз васлат бо шаробхор манъ кардаанд: "Иҷтиноб ва парҳез кун аз ин ки духтари худро ба фарди шаробхоре бидиҳӣ, ки агари ӯро ба чунин табаҳкоре ба шавҳар диҳӣ, гӯё он ки чунин фарди покдоманеро ба зино додаӣ."

Оре он ки пойбанди фармудаҳои илоҳӣ намебошад, аз иртикоби гуноҳон ва фисқу фуҷур парво надорад ва аз хубиҳои ахлоқӣ бебаҳра аст ва олӯда ба бадиҳо мебошад ва аҳлияти динӣ ва арзишӣ надорад, набояд ба унвони ҳамсари оянда баргузида шавад. зеро ба фармоиши Имом Содиқ (алайҳиссалом) осори ҳаром ва гуноҳ дар насли он ду, ошкор мегардад.

Маросими туй ва арусӣ

Маросими ақд ва арусӣ бояд ҳамроҳ бо виқор, ҳифзи каромат ва шахсият ва ба дур аз ҳаром ва гуноҳ ва омилҳои таҳрики шаҳват бошад, то сбабе барои ҷалби раҳмати Ҳақ ва омиле барои нузули баракоти илоҳӣ гардад. Албатта дар ин замон бояд шод буд, аммо бояд ин суруру шодмонӣ мутобиқ бо меъёрҳои динӣ зоҳир гардад.

 Ҳазрати Имом Ризо (алайҳиссалом) дар ин бора фармудаанд: "Аз суннати Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таом додан ҳангоми издивоҷ аст".

Пардохти маҳр

Хонаводаи арус ва домод бинобар урфи ҷомеа ва суннатҳои маҳаллӣ ва бо таваҷҷуҳ ба усули шаръӣ бояд дар ҳадде, ки ифрот ва тафрит набошад дар масаълаи маҳр ва қалинг тавофуқ кунанд ва дар ин маврид сахтгирӣ нишон надиҳанд.

Ҳазрати Имом Ризо (айҳиссалом) аз падарони бузургвораш ба нақл аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуда аст: "Худованди мутаъол ҳар гуноҳеро мавриди мағфират ва омурзиш қарор медиҳад, магар гуноҳи инкори маҳри зан ё ақиб андохтани дастмузд, ё фурӯши инсони озод".

Албатта аз ҷониби аиммаи ҳудо хитоб ба занони бокаромат тавсия шуда аст, ки агар заминаи муносибе дар барномаи бахшидани маҳр ба шавҳар мушоҳида кунанд, аз ин хислати олӣ, ки баёнгари ҷуду карам ва нишонаи саховату бузургворӣ аст, чашмпӯшӣ накунанд.

Дар ривояте аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нақл шуда аст: "Агар зане дар замони ақди издивоҷ ва қабл аз заношӯйӣ маҳрашро ба шавҳараш бибахшад, ба андозаи ҳар диноре савоби озод кардани як банда дар номаи амалаш сабт мегардад. Гуфта шуд: Ё Расулаллоҳ, агар баъд аз анҷоми арусӣ ин бахшиш анҷом гирад, чӣ гуна аст? Фармуданд: Бахшидани маҳр пас аз арусӣ натиҷаи муҳаббат ва унс аст".

Амнияти равонӣ ва итминони қалбӣ

Вақте ороишу пероиш барои якдигар сурат гирад, илова бар эҷоди равобит, некӯии ахлоқӣ ва равонӣ ва зиёд кардани отифаҳои қалбӣ сабаби итминони ҳамсарон нисбат ба ҳам мешавад. Пас, ҳар ду ба ин бовар мерасанд, ки тамоми алоқа ва иродаи хешро дар роҳи ризояти якдигар ба кор мегиранд. Ин аст, ки зан на ба марде ғайр аз шавҳари хеши назар хоҳад дошт ва на мард нисбат бо ҳамсар ё зани дигаре меандешад ва амнияте, ки аз ин рафтори мутақобил эҷод мешавад, ҳамаи паҳлуҳои зиндагии зан ва мардро дар бар мегирад ва ҳар гуна бадбинӣ ва беитминонӣ дар равобити хонаводагӣ маҳв ва нобуд мегардад ва пояҳои низоми хонавода бар асоси ҳусни равобит ва эътимод ва саломат устувор хоҳад шуд. Ин ҳамон чизе аст, ки Қуръони карим мефармояд:(... هُنَّ لِباسٌ لَكُمْ وَ أَنْتُمْ لِباسٌ لَهُنَّ ...)

"Ҳамсарони шумо, либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси онҳо (ҳаду зинати ҳам ва сабаби ҳифзи якдиранд)". (Сураи Бақара, ояи 187)

Яъне, дар воқеъ ҳар кадом ҳофизи амнияти дигарӣ ва мояи зинат ва ифтихори ҳамсар мегарданд.

Аз ҳазрати Имом Ризо (алайҳиссалом) ривоят шуда аст, ки эшон фармудаанд: Ҳеч фоидае ба касе намерасад, беҳтар аз ин ки барои ӯ бонӯе бошад, ки нигоҳ кардан ба ӯ ва мусоҳибат бо ӯ сабаби суруру шодмонии ҳамсар бошад ва дар набуди шавҳар амонатдор ва ҳофизи ҳарими хеш ва хонавода ва амволи шавҳар бошад.

 

 

 

 

 

Барчасп