Май 01, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи хонавода аз дидгоҳи Имом Ризо алайҳиссалом

Хонавода ҳастаи нахустини ташкили сохтмони ҷомеа ба шумор меравад ва авомиле чун ишқу муҳаббат ва отифаро дар вуҷуди инсонҳо решадор менамояд.

Бо риояти мавозини арзишҳои исломӣ зиндагии хонаводагӣ шукӯфо мегардад ва ойини ислом ҳуқуқе барои аъзои он ба вуҷуд меоварад, ки бо муроот ва иҷрои он, сафо ва самимият чун чашмае ҷӯшон дар хонавода ҷорӣ мегардад.

Дар ҳузури муносиботи ахлоқӣ ва равобити байни аъзои хонавода, ҳазрати Имом Ризо (а) як асли куллӣ, ҷолиб ва дорои паёме равоншинохтиро матраҳ мефармоянд: "Бархурди худро бо афроди кӯчак ва бузург зебо ва некӯ гардон".

Ин асл дар ҳусни муошират ва беҳбудии он таъсире фаровон дорад. Ин сухан метавонад баргирифта аз фармоиши Расули акрам (с) бошад, ки мефармоянд: "Беҳтарини шумо касе аст, ки барои аҳли хонаводааш некӯ бошад ва ман нектарин шумо барои хонаводаам ҳастам".

Марди хона ҳақ надорад ба ҳар далеле иртибот бо ҳамсари хешро беш аз чаҳор моҳ тарк намояд.

Гурӯҳе ба маҳзари ҳазрати Имом Ризо (а) омаданд ва арз карданд: Эй фарзанди Расули Худо (с), марде зани ҷавоне дорад ва чун мусибате мутаваҷҷеҳаш гардида, муддати чанд моҳ ва балки як сол аст, ки иртибот бо ҳамсари хешро тарк карда аст, албатта ин кор ба далели азият, озор ва интиқом набуда, балки ба иллати андӯҳ ва афсурдагии хотир, аз ин муошират иҷтиноб ва дурӣ карда аст. Оё бо ин амал исён ва гуноҳе муртакиб шуда аст? Имом фармуданд: Бале, тарки ин иртибот беш аз чаҳор моҳ гуноҳ дорад.

Ибрози муҳаббат ва эҷоди маваддат

Асли муҳаббатро Худованд дар қалби зан ва шавҳар қарор медиҳад ва барои онон лозим аст, ки ин неъмати ботинӣ ва ҳолати қалбиро, ки сабаби оромиши зиндагӣ ва сафову покӣ аст, ки ба василаи ҷонибдорӣ аз ҳам, гузашт ва фидокорӣ, хушахлоқӣ, таваққуъ дар андоза ва зарфияти лозим, ҳифзи обрӯ ва шахсияти тарафайн ва парҳез аз суханони беҳуда ба даст меояд. Аз авомиле, ки ба муҳаббат ва отифа халал ворид менамояд, бипарҳез, зеро табдили ин отифа ва шавқ ба кинаву нафрат ва буғз, дар сурате ки милоки шаръӣ ва ақлӣ даркор набошад, мубаддал намудани неъмат ба офат ва бало аст ва худ навъе носипосӣ ба шумор меояд.

Албатта, тибқи фармоиши ҳазрати Имом Ризо (а) дилҳоро рағбату нафрат ва нишоту сустӣ мебошад, ҳангоме, ки дил майл ва иқбол мекунад, биниш ва идрок дорад ва замоне, ки бемайл аст, афсурда ва нотавон мебошад. Аз ин рӯ ҳангоме ки дарун бо нишот ҳамроҳ мебошад, бояд дилҳоро ба кор гирифт ва замоне, ки ҳолати сустӣ дорад, бояд онро раҳо кард, то тавон ва оромиши худро бозёбад.

Зану шавҳар дар равобити отифӣ бо якдигар бояд ин баёни гуҳарбори Имом Ризо (а)-ро дар назар гиранд, ки мефармоянд: "Агар муъмине хашмгин шавад, асабоният вайро аз тариқи ҳақ берун намебарад ва агар шодмонӣ ёбад, ин хурсандӣ вайро дучори ботил намесозад ва чун ба иқтидор мерасад, бештар аз ончӣ ҳақ дорад, намегирад."

 Ҳазрати Имом Ризо (а) дар сираи амалии хеш дар ҷиҳати тақвияти авотиф ва такрими шахсияти ҳозирон дар хона ва дар ҷамъи ҳамсуҳбатон ин гуна буданд. Иброҳим ибни Аббос мегӯяд: Ҳаргиз шахсияте бартар аз Имом Ризо (а) надидам, ҳаргиз пои худро дар муқобили ҳамнишини хеш дароз наменамуд ва пеш аз ӯ такя намедод. Ба хидматгузорон дашном намегуфт, садояш ба ханда баланд намешуд ва ҳамвора бо ғуломон ва зердастони худ канори суфраи ғизо менишастанд.

Ҳазрати Имом Ризо (а) эътиқод доштанд: Агар нисбат ба касе муҳаббате доред, онро ошкор кунед, зеро изҳори дӯстӣ ниме аз хирадмандӣ ба шумор меояд, бинобар ин зан ва шавҳар бояд авотифи худро дар хусуси якдигар ошкор созанд ва дар ин маврид аз хиҷолат ва шармсорӣ парҳез кунанд.

Яке аз корҳое, ки бар равнақ ва сафои хона меафзояд, тиловати Қуръон мебошад. Ҳазрати Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (а) фармудаанд: "Дар хонаҳоятон барномае барои тиловати Қуръони карим тартиб диҳед, ба дурустӣ, ҳар гоҳ дар манзиле Қуръон хонда шавад, умури аҳлаш саҳл ва осон мегардад ва хайру баракаташ бисёр ва дар ғайри ин сурат аҳли хона дар тангнои фикрву равонӣ ва иқтисодӣ қарор мегиранд".

Бар ин асос авомили маънавӣ ва рӯй овардан ба суннатҳои мазҳабӣ метавонад равобити отифӣ ва фазои равоншинохтии хонаводаро таҳти таъсир қарор диҳад. Дар баъзе мавқеъҳо ҳатто ибрози авотиф ҳам барқарор аст, вале гӯё эҳсоси оромиш аз хона рахт барбастааст ва ин ба он далел мебошад, ки аҳли хона аз зикри Худованд рӯй гардондаанд, чунки Қуръон мефармояд: Ва ҳар кас аз ёди ман дил бигардонад дар ҳақиқат зиндагии танг [ва сахте] хоҳади дошт ва рӯзи растохез ӯро нобино маҳшур мекунем. (Сураи Тоҳо, ояи 127)

Яке аз таъкидҳои ислом бар оромиш ва маваддату раҳмат, ки хислат ва рафторе аст, ки дар зиндагии хонаводагӣ ҷорӣ аст, чунин бармеояд, ки дар мафҳуми арзишии ин ойин навъ ва шакли фазое, ки ҳамсарон мехоҳанд дар партави он зиндагии навини худро оғоз кунанд, намоён мегардад. Чунин нест, ки шахсе бихоҳад аз тариқи он сирфан манфиатталабии шахсӣ ва тамаъварзӣ нисбат ба дигаронро пай гирад ва низ ин гуна намебошад, ки ҳавову ҳавас ва хоҳишоти нафсонӣ дар он барангехта шавад, то битавон аз онҳо ба унвони шолӯдаи сохтмони ин зиндагӣ истифода намуд, балки фазое аст, ки дар он бар инсоният ва фазилат таъкид мегардад. Равобити зану шавҳар аз сарчашмае олӣ ва покиза мутаассиранд, ки дар он ҳар ду тараф дар зиндагии муштарак ба отифа ва муҳаббат вобастаанд. Отифаҳое ки як эҳсоси ногаҳонӣ ва зудгузар набуда ва бар арзишҳои воло ва хирадҳои муқаддас устувор аст, зеро авотифи ногаҳонӣ ва ҳаяҷонӣ дар баробари хоҳишот ва ҳавову ҳаваси мутазод тоби муқовимат надорад ва ба суръат ранг мебозад.

Масъулиятпазирӣ ва отифаҳо

Аз дидгоҳи фарҳанги исломӣ чунин истинбот мегардад, ки гароиш барои ташкили хонавода аз эҳсоси жарф мутаассир гардида аст. Ниёзмандии рӯҳу равон ва эҳтиёҷи отифӣ дар як чаҳорчӯби маънавии рушддиҳанда, одамиро водор мекунад то дар фурсате муносиб ба ин масъала ҷомаи амал бипушонад. Ҳадаф аз ташкили хонавода дар ислом ҳамон дастёбӣ ба итминони рӯҳӣ аст, то инсон пас аз расидан ба ин марҳала эҳсос намояд ба хештани асли хеш ноил гардида аст ва ба эътибори ин ки раҳмат ва маваддат шолӯда ва пояи равобит дар низоми офариниш мебошад, шахсияти инсон дар ин барнома такомул меёбад. Ислом аз мард мехоҳад сароғози бунёни ниҳодини хонаводаро бо масъулиятпазирии маънавӣ ва амалӣ ҳамроҳ намояд ва на сирфан барои ишбоъи серинопазири ғаризаҳои инсонӣ. Раҳмат баргирифта аз сиришти иртибототи ҳамсарон аст ва ҳамсаронро водор мекунад бо таваҷҷуҳ ба зарфияти хонаводагӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ якдигарро дарк кунанд ва масъулиятҳои худро пазиро бошанд. Пас, бо якдигар ба сурати самимӣ зиндагӣ кунанд ва дар ин фазо аз тангназарӣ ва худхоҳӣ, ки зиндагии хонаводагиро муталошӣ месозад, дурӣ хоҳанд ҷуст. Зеро он гоҳ ки муҳаббат ва отифа вориди зиндагӣ мегардад, фардмеҳварӣ ва худнигариро дигаргун мекунад.

Инсоне ки аз қолаби худ берун омада аст, бо вуҷуди  таъсирпазирӣ дар шаклгирӣ ва сохтори шахсият аз муҳитҳои гуногун ва шароити мутафовит, бар сухане ки бар забон меоварад, қадаме, ки бармедорад, коре ки анҷом медиҳад, муроқибат дорад ва дар воқеъ раҳматро сирфан дар андеша ва эҳсоси покиза муҷассам наменамояд, балки онро дар зиндагии амалӣ таҳаққуқ мебахшад. Пас, бо ин васф ҳар кадом аз зан ва шавҳар ба дардҳо ва мушкилоту гирифториҳои якдигар таваҷҷуҳ доранд ва хатоҳо ва норасоиҳоро бо мудоро ва ҳикмат ислоҳ мекунанд то мабодо ба ҷои созандагӣ, вайронгарӣ ҳосил гардад.

Агар ин гуна амал гардад, зиндагии аъзои хонавода ба оромиши ростин мубаддал хоҳад гашт, ки зиндагии дарунӣ ва берунии ҳамаи афроди хонаводаро дар бар мегирад ва ба сурате хоҳанд зист, ки рӯҳу ақл ва авотифи онон ба дур аз низоъҳо ва ҷудоиҳои беҷо мебошад. Ин маваддат аз неъматҳои илоҳӣ аст ва бояд қадрдони он буд ва дар зиндагии муштарак аз он баҳра гирифт ва баракоташро бакор бояд баст. Дар ғайри ин сурат имкон дорад бар асари носипосӣ ба ин ҳадяи маънавӣ ва атои илоҳӣ, онро аз даст бидиҳем.

 Чунончи ҳазрати Имом Ризо (а) фармудаанд: "Неъматҳои илоҳиро, ки дар ихтиёратон аст, гиромӣ бидоред, чаро ки онҳо гурезон мебошанд. Аз ҳар ки канора гиранд, дигар бозгаште барояшон намебошад".

Гушоиш барои аҳли хона

Таъмини маоши ҳалол ва фароҳам будани имконоти зиндагӣ барои аҳли хона дар эҷоди оромиш ва афзоиши самимият дахолати муҳимме дорад. Имом Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (а) фармудаанд: "Ҳар кас субҳ кунад дар ҳоле, ки танаш солим ва хотираш осуда ва маошаш таъмин бошад, аз мавоҳиби як зиндагии матлуб ва ором бархӯрдор аст".

Талош дар ҷиҳати фароҳам овардани рифоҳ ва сабукӣ барои хонавода дар дараҷае аз аҳамият аст, ки ҳазрати Имом Ризо (а) фармудаанд: "Касе ки дар пайи ба даст овардани даромаде барои таъмини маоши оилааш бошад, беҳтар аз муҷоҳидони дар роҳи Худо аст."

Ҳукми ин таъкид он аст, ки эҳтимом ва такопӯ дар ин хусус, асаре муҳим дар пайванди отифии аъзои хонавода дорад ва равобити муҳаббатомези хонаро таҳким ва қувват мебахшад.

Ҳазрати Имом Ризо (а) дар ривояти дигар аз пайравони худ мехоҳад барои эҷоди гушоиш дар зиндагӣ ва рифоҳи аҳли хона бикушад: "Афроде, ки аз неъмате бархӯрдоранд, бояд бар зан ва фарзанди худи гушоиш диҳанд".

Усулан дар фарҳанги исломӣ яке аз нишонаҳои саодати инсон ин аст, ки фард битавонад ба вазъи хонаводаи худ расидагӣ кунад. Дар ин бора низ ҳазрати Имом Ризо (а) фармудааст: "Шоиста аст, мард бар аҳли хона (аз лиҳози махориҷи зиндагӣ) сахтгирӣ накунад, то ин ки онон марги ӯро аз Худованд дархост кунанд".

Аҳамияти талош барои умури рифоҳии хонавода сабаб намешавад, ки одамӣ аз эътидол, қаноат ва касби ризқи ҳалол дурӣ намояд.

Ҳазрати Имом Ризо (а) дар ин бора таъкид намудаанд: "Ҳақиқати имони банда комил намегардад, то ин ки се хислатро доро бошад. Басират дар дин, эътидол ва миёнаравӣ дар умури зиндагӣ ва хонавода ва бурдборӣ дар сахтиҳо ва мусибатҳо".

Ҳамчунин эшон фармудаанд: "Ҳар кас ба рӯзии андаке, ки Худо ба ӯ медиҳад, розӣ бошад, Парвардгор ҳамон амали андакро аз вай мепазирад".

Он ҳазрат ҳамчунин дар хусуси ризоят доштан бар ризқи ҳалол мефармояд: Ҳар кас ба рӯзии ҳалол, аммо кам хушнуд бошад, ранҷаш камтар ва хонадонаш дар осоиш ва оромиш зиндагӣ мекунанд ва Худованд айбҳои дунё ва чигунагии дур кардани онҳоро ба ӯ меомузад ва вайро бо саломатӣ дар биҳишт ҷой медиҳад.

 

Барчасп