Сабки зиндагии Разавӣ: Талош барои зиндагӣ
(last modified Wed, 10 May 2017 06:56:45 GMT )
Май 10, 2017 11:56 Asia/Dushanbe
  • Сабки зиндагии Разавӣ: Талош барои зиндагӣ

Имом Ризо (а) фармуд: Касе ки ба дунболи рӯзӣ ва фазли Худованд бошад, то ҳазина ва харҷи хонаводаи худро таъмин кунад, подошаш бештар аз касе аст, ки дар роҳи Худо ҷиҳод кунад.

 Ҳар мусалмоне барои ба даст овардани рӯзии ҳалол ва бартараф кардани ниёзҳои зиндагии худ бояд талош кунад, то ба мардум ниёз надошта бошад.

Аз назари Ислом кор ва талош барои зиндагӣ ибодат аст. Инсоне ки аҳли талош ва кӯшиш аст, ҳама ӯро дӯст доранд. Худованд ӯро дӯст дорад ва миёни мардум маҳбуб аст. Асосан ба даст овардани як зиндагии хуб ва обрӯманд дар партави кӯшишҳои хуб ва мусбати инсон аст. Танбалӣ, сустӣ ва худро нотавон тасаввур кардан, бо рӯҳи имон созгорӣ надорад.

Ин ҳақиқатро набояд пинҳон дошт, ки мусалмон ҳаргиз дар даруни худ розӣ намешавад, ки дар хона биншинад ва сарбории мардум бошад ва дигарон ниёзҳои зиндагии ӯро таъмин кунанд. Агар касе ин тафаккурро дошта бошад, ки ман дар хона менишинам ва машғули ибодат мешавам ва даст ба дуъо бармедорам ва Худованд низ рӯзии манро мерасонад, андешае ботил аст ва бо иззати инсони боимон созиш надорад.

Инсон дар ҳадди тавон бояд ба худ муттакӣ бошад, агарчӣ барои касб ва ба даст овардани рӯзӣ ба шаҳрҳои дурдаст сафар кунад.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки инсони мусалмон дар навъи талаби маъишат ва зиндагӣ бояд аҳамият диҳад ва зиндагии ӯ аз касби ҳалол бошад, на ин ки аз ҳар ҷо ва аз ҳар роҳе ба даст ояд. Кор ва зиндагӣ набояд аз роҳи ҳаром бошад, зеро даромад ва ғизои ҳаром, дар андеша, ақоид, ояндаи фарзандон ва зиндагии рӯзмарра таъсироти манфӣ хоҳад гузошт ва инсон ба гуноҳ мубтало хоҳад шуд. Дар натиҷа зиндагӣ баракат ва рушде нахоҳад дошт ва ҳатто инфоқ ва садақа аз моли ҳаром низ бенатиҷа ва беподош хоҳад буд.

Ба ҳамин ҷиҳат Имом Ризо (а) дар як дарси бузург ба мо меомузад, касе ки ба умеди рӯзӣ ва фазли Парвардгор ба дунболи рӯзии ҳалол меравад то хонаводаи худро таъмин кунад ва ниёзманди дигарон набошад, амали вай аз беҳтарин ибодатҳо аст ва подошаш назди Худованд беш аз касе аст, ки дар роҳи Худо ҷиҳод ва мубориза кунад.