Май 27, 2017 09:23 Asia/Dushanbe
  • Аҳаммияти мисвок кардани дандонҳо аз дидгоҳи имом Ризо (а)

Тавсияҳои аҳли байт (а) дарбораи сабки зиндагӣ ва роҳҳои беҳтар зистан ҳамвора роҳгушо будааст.

Эшон дар миёни тавсияҳояшон борҳо мардумро ба риояти беҳдошт ва низофат тавсия кардаанд, ки мисвок задан яке аз онҳост. Барои аҳаммияти беҳдошти даҳон ва дандон дар омӯзаҳои исломӣ ҳамин бас, ки беш аз сад ҳадис ва ривоят дар ин замина ворид шудааст. Паёмбари акрам (с) мисвок заданро иқтизои фитрати инсон дониста мефармуд: "Агар барои мардум душвор набуд, дар ҳар намоз мисвок заданро  воҷиб мекардам ва низ мефармуд: "Ҷибраил ҳамвора маро ба мисвок задан супориш мекард то ҷое, ки гумон кардам, онро воҷиб хоҳад сохт".

Имом Ризо (а) ҳам дар боби аҳаммияти мисвок задан фармуданд: "Ду ракат намоз, ки баъди шустан ва мисвок намудани дандон хонда шавад, аз ҳафтод ракат намози бидуни мисвок беҳтар аст". Ва низ фармуданд: "Мисвок намудан чашмро ҷило медиҳад, муйро мерӯёнад ва об рехтани чашмро бартараф мекунад".

Дар заминаи истифодаи имом Ризо (а) аз мисвок, Муъаммар Ибни Халод, мегӯяд: "Ҳангоме, ки Алӣ Ибни Мӯсалризо (а) ба Хуросон ташриф оварда буданд, расми он ҳазрат чунин буд, ки вақте намози субҳро мехонд, ҳамчунон то тулуъи хуршед дар мусаллои хеш менишаст ва ба изкор ва идаия машғул буд, онгоҳ кисаеро меоваранд, ки мисвокҳои эшон дар он қарор дошт, аз як-як мисвокҳо истифода мефармуданд, сипаскундур (ки номи гиёҳе аст) меоварданд ва ҳазрат миқдоре аз онро меҷавиданд ва сипас ин корро раҳо карда ва аз мусҳафи Қуръоне, ки барои эшон фароҳам месохтанд, машғул ба тиловати Қуръони карим мешуданд".

Ва дар ривояти дигар мехонем: "имом Ризо алайҳиссалом аҳли беҳдошт буд. Даст ва даҳони худро мешуст, дандонҳоро ҳаррӯз мисвок мекард. Аз ин рӯ, зарфе дошт, ки  ҳамвора анвоъи мисвокҳо дар он қарор гирифта буд. Таваҷҷуҳи ислом ба ҷузъиёти беҳдоштӣ то ин ҳад буда, ки ба мо иҷоза надода бо ҳар чизе ё бо ҳар чубе хилол кунем. Дар як ривоят омадааст, ки: "хилол кардан бо ҳар чизе, муҷиби фақр аст".

Имом Ризо (а) низ мефармояд, "бо чуби дарахти анор ва шохаҳои райҳон хилол накунед, зеро ин ҳар ду сабаби таҳрики раги ҷаззом мешаванд".

Имом Ризо (а) ҳамчунин зиёдаравӣ дар мисвокро наҳй карда ва фармудааст: зиёдаравӣ  дар мисвок задан, боиси садама ба минои дандон ва суст шудани решаҳои он мешавад".

Имом Ризо (а) мефармоянд: "Ҳар касе моил аст, дандонҳояш солим бимонад, шириниро баъди хурдани миқдоре нон масраф кунад, зеро нон дар даҳон хамир мешавад ва ин хамир, чолаҳо ва ҳуфраҳои миноро пур мекунад. Дар ин сурат, ширинӣ ҳечгуна таъсири баде бар рӯи дандонҳо нахоҳад гузошт".

Имоми ҳаштум (а) ҳамчунин мефармояд: "Беҳтарин чуб барои мисвок, чуби дарахти Арак аст, зеро ин чуб дандонҳоро ҷило медиҳад ва даҳонро хушбу мекунад ва лассаҳоро муҳкам карда ва низ аз пусидагиӣ ҷилавгирӣ менамояд ва ин фавоид дар сурате аст, ки мисвок задан бо эътидол ва миёнаравӣ ҳамроҳ бошад".

Ҳамчунин дар ин омӯзаҳои нӯронӣ омадааст ки: Ҳангоми мисвок задан хондани ин дуо суннат мебошад.

اللهم طَهِّر فَمِی وَ نَوِّر قَلبِی وَ طَهِّر بَدَنِی وَ حَرِّم جَسَدِی عَلَی النَّارِ وَ اَدخِلنِی فِی عِبَادِکَ الصَّالِحِینَ

Яъне Худовандо, даҳонамро покиза гардон ва қалбамро мунаввар ва баданамро пок ва ҷасадамро барои оташи ҷаҳаннам ҳаром бигардон ва ба раҳмати худ, маро дар зумраи бандагони солеҳ қарор бидеҳ.

 

Барчасп