Май 29, 2017 11:38 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи имом Ризо (а) барои пешгирӣ ва дармони сармохурдагӣ

Дар омӯзаҳои пизишкии исломӣ, асл бар пешгирӣ ва тақвияти умумии бадан ниҳода шуда, то аз заминаҳои ибтило ба бемориҳо ҷилавгирӣ шавад. Риояти эътидол, ҳиҷомат, меваҳои фасл ва ..., роҳҳои тақвияти системаи эминии бадан мебошанд.

Дар омӯзаҳои пизишкии имом Ризо (а) омадааст, ки дар тобистон ба далели гармои  ҳаво чарбиҳои бадан об мешаванд, аз ин рӯ дар поиз ниёзи зарурӣ ба захира кардани маводи чарбӣ, ки муваллиди ҳарорат ҳастанд, пайдо мешавад ва бояд бо масрафи ғизоҳои муносиб онро захира кунед, то бадани худро барои муқобила бо сармои зимистон муҷаҳҳаз гардонед.

Бадан ба анвоъи ғизоҳои аслӣ ва меваҳое монанди ангӯр ва анор ниёз дорад. Ҳамчунин истифода аз нушиданиҳое, ки аз онҳо таҳия мекунанд, муфид аст. Ба таври куллӣ масрафи меваҳои туруш қабл аз ғизо ва меваҳои ширини баъди ғизо муфид аст.

Имом Ризо (а) ҳамчунин тавсия мекунанд, ки бо шурӯъи сармо бояд ғизоҳои пурэнержӣ масраф кард ва молидани равған ва масажи устухонҳо дар ҳоли истироҳат бо равғанҳои шаббу, зайтун ва гули сурх ба тақвият ва истеҳком кумак мекунад.

Мутобиқи таъолими тиби исломӣ, иллати беморӣ вуруди микроб, вирус ё бактерия ба бадан нест, балки омили аслии бемориҳо заъфи системаи эминӣ ва дифоии бадан ва поин омадани муқовимат бадан аст. Аз ин рӯ, иллати аслии сармохурдагӣ ҳам заъфи системаи эминӣ мебошад.

Имом Ризо алайҳиссалом барои тақвияти системаи дифоии бадан ва ҳифзи тандурустӣ, дастурулъамалҳои муфиде ироа кардаанд, ки ҳиҷомат, риояти эътидол, тадобири моҳҳо ва фаслҳо ва истифода аз меваҳо ва ғизоҳои мутаносиб бо замон ва макон аз ин ҷумлаанд. Коршиносон ҳам парҳез аз ғизоҳои музир, ки системаи эминиро ба шиддат тазъиф мекунад ва заминаро барои анвоъи бемориҳо омода мекунад, барои пешгирӣ аз сармохурдагӣ тавсия мекунанд. Яке аз маводи бисёр муфид барои пешгирӣ аз сармохурдагӣ асал аст. Имом Ризо алайҳиссалом ба нақл аз паёмбари акрам саллалоҳи алайҳе ваолиҳи васаллам фармуданд: "Худованд баракатро дар асал қарор додааст.  Дармони дардҳо дар он аст ва ҳафтод паёмбар давоми судмандии онро аз Худованд хостаанд".

Аз ин рӯ, мебинем, ки дар тиби исломӣ, сармохурдагӣ қобил пешгирӣ аст ва имом Ризо (а) барои он тавсияҳое доранд ва мефармоянд: Касе, ки бихоҳад, аз сармохурдагӣ ва зуком дар фасли зимистон ҷилавгирӣ кунад, рӯзе се луқма асал бихурад".

Албатта имом Ризо (а) дар идома барои асали муфид меъёреро мушаххаси кардаанд ва мефармоянд: Барои ташхиси асали хуб аз бад кофӣ аст, ки миқдоре аз онро муқобили бинӣ бигиред, ҳаргоҳ буи тундаш эҷоди атса кунад, ё агар бо хурдани каме аз он асали ҳолати сақар ва мастӣ ба шумо даст бидиҳад ва ё забони шуморо бисузонад, дар шумори асалҳои хуб маҳсуб намешавад ва илова бар инки хосият надорад, барои бадан низ музир аст.

Имом Ризо (а) ҳамчунин тавсия мекунанд, ки дар фасли зимистон ғафлатан аз утоқи гарм ба ҳавои сард ва озод қадам нагузоред. Дар тавсияе дигар барои мубтало нашудан ба сармохурдагӣ дар фасли зимистон имом Ризо (а) фармуданд: "Гули наргис бибуед, буидани ин гулро ба таври доим анҷом диҳед, то аз шарри сармохурдагӣ дар амон бимонед. Ҳамчунин истишмоми сиёҳдона одамиро аз сармохурдагӣ эмин медорад". Имом Ризо (а) ҳамчунин барои раҳоӣ аз сардард фармуданд: Хурдани моҳии тозаро фаромӯш накунед, ҳаркас аз дарди шақиқа ва шикамдард метарсад, набояд дар зимистон ва тобистон хурдани моҳии тозаро ба таъхир андозад.

 

Барчасп