Июн 12, 2017 11:43 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои имом Ризо (а) барои лоғарӣ ва коҳиши вазн

Фарбеҳӣ ва лоғарӣ аз замонҳои дур зеҳни башарро ба худ машғул кардааст.

Дар тибби суннатӣ омадааст, ки лоғарӣ ду гуна аст: яке аз камгӯштӣ ва дигаре аз камравғанӣ ва барои чоқӣ ва лоғарӣ дастурамалҳои мухталифе баршумурдаанд.

Имрӯзҳо бархе аз коршиносон барои коҳиши вазни бадан, ҳазфи ваъдаи шомро тавсия мекунанд, аммо ҳамчунон, ки дар ривоёт низ ишора шуда, шом нахурдан худ боиси заъфи бадан шуда ва заъфи асабу мушакҳо ва ҳолати афсурдагӣ дар афрод ба вуҷуд меоварад.

Аз ин рӯ тавсияи имом Ризо (а) ба унвони як равиши усулӣ, барои контроли вазн костан аз ҳаҷми ғизои шом шом ва на тарки комили он аст. Он ҳазрат мефармоянд: "Касе, ки мехоҳад солим ва бадане сабук ва камгӯшт дошта бошад, аз шомаш бикоҳад".

Дар ин миён гиёҳони хӯрокӣ ва чошнӣ, ки ҳифзи саломати аъзои мухталифи баданро ба ӯҳда доранд, метавонанд дар контроли вазн низ бисёр муассир бошанд. Яке аз ин гиёҳони муфид дорчин аст.

Коршиносони тағзия муътақиданд, маводи табиии бисёре барои коҳиши вазн дар дастрас қарор доранд, аммо дорчин ба далели кӯмак ба контроли қанди хун, муфидтарин  гиёҳ барои кӯмак ба коҳиши вазн аст.

Мутобиқи назароти пизишкии имом Ризо (а) ва ибни Сино дорчин гурдаро гарм мекунад, нерӯро афзоиш ва заъфи пойҳо ва камарро аз байн мебарад. Камхуниро ҳам аз байн мебарад. Оромишбахш ва шодобкунанда аст ва гиёҳе аст, ки ҳам инсонҳо ва ҳам ҳайвонотро ором мекунад. Таббар аст, рагҳоро боз мекунад ва асари хубе бар гардиши хун дорад.

Имрӯзҳо мутахасассин ба ин натиҷа расидаанд, ки чойи дорои асал ва дорчин яке аз дилпазиртарин маводи табиӣ барои коҳиши вазн мебошад.

Яке дигар аз гиёҳони контролкунандаи вазн занҷабил аст. Илова бар он ки яке аз муассиртарин маводи табиӣ дар барқарории ҷараёни хун ва ҷилавгирӣ аз лахта шудани он аст, бо поксозии системаи гуворишӣ, аз захираи чарбиҳои изофӣ дар бадан ҷилавгирӣ мекунад.

Имом Ризо (а) барои ҳифзи чобукӣ ва анҷоми беҳтари корҳои рӯзона занҷабилро тавсия карда мефармоянд: "Агар моил ҳастед фаромӯшӣ ва нисёни шумо кам шавад ва корҳои рӯзонаро ба хубӣ анҷом диҳед, занҷабил ва асал бихуред".

Мутахассисин мегӯянд, яке аз роҳҳои коҳиши иштиҳои фиребанда ва кӯмак ба коҳиши вазни бадан, хӯрдани ҷави пухташуда дар ибтидои субҳ ва қабл аз субҳона мебошад. Ҷав таъсири босазое дар коҳиши клиструл, фишори хун, чарбӣ ва коҳиши хатари ибтило ба саратон дорад. Витамини мавҷуд дар ҷав боис мешавад, ки ин ғизо ба оҳистагӣ дар бадан ҳазм шавад ва дар натиҷа фард барои муддати тӯлонитаре сер мемонад.

Имом Ризо (а) дар таъриф аз ин моддаи шигифтангез мефармоянд: "Бартарии нони ҷав бар гандум, ҳамонанди бартарии мо бар дигар мардум аст. Ҳеч паёмбаре нест, ки барои хурандаи нони ҷав дуо накарда ва барои ӯ баракат нахоста бошад...ва ҳеч даруне нест, ки ҷав бадон даромада ва ҳамаи дардҳо аз он берун нарафта бошад. Ҷав хӯроки паёмбарон ва ғизои некон аст".

Мутахассисини тағзия ҳамчунин тавсия мекунанд, барои ин ки сареътар ба вазни идеали худ бирасед, беҳтар аст қабл аз хӯрдани субҳона, об бо лимӯи турш бинӯшед. Мутобиқи ин назар нӯшидани об ҳамроҳ бо лимӯ на танҳо ба раванди коҳиши вазни шумо суръат мебахшад, балки бадани шуморо аз заҳролудшавӣ пок карда ва боиси афзоиши энержӣ дар шумо мешавад.

Мураккабот дар тибби аимма (а) (ع)  ҳам аз арзиш ва аҳамияти вижае бархӯрдор аст. Пешвоёни дин бо баҳрагирӣ аз илҳомоти раббонӣ ҷавомеи башариро ба арзиши дақиқи илмии меваҳо ва фаровардаҳои табииӣ огоҳ намудаанд. Дар тавсияҳои пизишкии аимма (а) хурдани мураккабот қабл аз ғизои хуб ва баъд аз ғизои бисёр писандида дониста шудааст.

Имом Ризо (а) ҳам масрафи ин меваи бо арзишро барои ҳазм ва ҷазби ғизо ва кӯмак ба такшинзудоӣ аз хуни бадан ва беҳбуди сӯхтусоз ва пешгирӣ аз ғилзати хун муфид шумурдаанд.

Дар тибби суннатии исломӣ аз гиёҳоне мисли зира, газна ва зарчӯба ҳам ба унвони коҳандаи вазни бадан ва поксозии хун ва чарбисӯзиву лоғаркунанда ёд шудааст, ки ба сӯхту сози беҳтари чарбиҳо кӯмак мекунанд. Яке дигар аз гиёҳони муфид барои дармони бемориҳо, ки хосияти лоғаркунандагӣ дошта ва номи он ба ҳамроҳи чанд гиёҳи дигар дар зумраи маводи чарбисӯз ва зидди фарбеҳӣ матраҳ аст, ҳулайлия аст ва аз дигар маводи хӯрокии муассир дар коҳиши вазн метавон ба филфили сиёҳ, зард ва донаи пахта ишора кард.

Имом Ризо (а) ҳаммом карданро дар чоқӣ ва лоғарӣ дахил донистаанд. Сулаймон Ҷаъфарӣ мегуяд, ҳазрати Ризо (а) фармуд: "Ҳаммом як рӯз дар миён гӯшти баданро зиёд мекунад ва ҳар рӯз ҳаммом рафтан равғани гурдаро об месозад".

Барчасп