Июл 22, 2017 08:40 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои имом Ризо (а) ба ороиши занон ва оростагии мардон

Аимаи атҳар алайҳиссалом оростагии зоҳирро як асли муҳим дар равобити заношӯии зан ва мард дониста ва супоришоти омӯзандае дарбораи зинатҳои муносиб барои оростани худ доштаанд ва ҳамвора таъкид кардаанд, ки дар ин амр кӯтоҳӣ нашавад.

Тавсия ба шустани муи сар ва маҳосин, шона задани муи сар, хушбу кардани бадан бо атр, ислоҳи сару сурат, кӯтоҳ кардани нохуни ангуштон, хизоб ва ранг кардани муи сару сурат, зойил кардани муҳои зоиди бадан, сурма кашидан, равған задан ба му ва мисвок задан дар ҳамин ростост.

Дарбораи оростагӣ ва таваҷҷуҳ ба мураттаб будани зоҳир, Абӯ Ибод мегӯяд: "Имом Ризо (а) тобистон рӯи буриё ва ҳасир менишаст ва зимистон рӯи гилим. Ҳамчунин ҷомаҳои дурушт ва зибр мепӯшид, вале вақте дар баробари мардум зоҳир мешуд,  худро меорост".

Дар ривоёти аимаи ҳудо болотарин зинат ва ниҳояти саодат барои мард, бархурдорӣ аз ҳамсаре шоиста, муаррифӣ шудааст.

Бар хилофи тасаввуре, ки аксари мардум доранд, ислом ороишро махсуси занон намедонад ва ҳарду тараф яъне ҳам зан ва ҳам мардро дастур додааст, ки худро барои ҳамсарашон ороиш кунанд.

Албатта бояд донист, ки машии аима (алайҳиссалом) бар эътидол устувор аст ва ҳамвора моро аз ифрот ва тафрит наҳй кардаанд.

Аз назари имом Ризо (а) назофат ва оростагии зоҳир ва эҷоди ҷазаба, вазифае мутақобил барои зан ва мард дониста шудааст. Эшон ҳамчунин дар ҳадисе мефармоянд: Чи басо, ки бетаваҷҷуҳии мард ба оростагии зоҳир сабаб гардад, ки зан аз покдоманӣ фосила бигирад.

Дар ҳамин замина Ҳасан Ибни Ҷаҳм мегӯяд:

Назди имом Ризо (а) рафтам ва эшон муҳояшонро ранги сиёҳ зада буданд, гуфтам: Фидоят шавам, бо ранги сиёҳ муҳоятонро ранг кардед? Фармуданд: дар рангомезии му подош аст. Ранг кардани му ва омодагӣ (бо оростани зоҳир) аз чизҳое аст, ки покдомании занонро афзӯн месозад. Занон покдоманиҳоро раҳо карданд, чун ҳамсаронашон худро барои эшон омода накарданд.

Имом Ризо (а) ҳамчунин дар баёне роҳгушо дар ин замина таъкид фармудаанд: "покизагӣ аз хулқу хуи анбиёст".

Зан ҳам аз мард ҳамон интизореро дорад, ки мард аз ӯ дорад.

Дар ҳамин росто имом Ризо (а) истифода аз атрро боиси инбисоти рӯҳӣ дониста мефармоянд: "Чор чиз аст, ки дилро боз мекунад ва ғамро аз байн мебарад: атр задан, асал хурдан, саворӣ кардан ва ба сабза назар кардан".

Ва низ дар тавсияе дигар ба мардум мефармоянд: "Барои мард сазовор нест, ки истифодаи ҳаррӯза аз буи хушро тарк кунад, пас агар натавонист, як рӯз дар миён ва боз агар натавонист, дар ҳар ҷумъа худро хушбу созад ва ҳечгоҳ ин амалро раҳо накунад". 

Барчасп