Шампунҳои зидди резиши муй хусусияти таблиғотӣ доранд
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i20422-Шампунҳои_зидди_резиши_муй_хусусияти_таблиғотӣ_доранд
Бархилофи тасаввури бисёриҳо шампунҳое ,ки таҳти унвони пешгирӣ аз резиши муй дар дорухонаҳо ва марказҳои ороишӣ ва беҳдоштӣ ба фуруш мерасад таъсире дар пешгирӣ аз резиши муйи сар надошта ва асоси илмӣ надоранд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 23, 2017 09:24 Asia/Dushanbe
  • Шампунҳои зидди резиши муй хусусияти таблиғотӣ доранд

Бархилофи тасаввури бисёриҳо шампунҳое ,ки таҳти унвони пешгирӣ аз резиши муй дар дорухонаҳо ва марказҳои ороишӣ ва беҳдоштӣ ба фуруш мерасад таъсире дар пешгирӣ аз резиши муйи сар надошта ва асоси илмӣ надоранд.

Муйи сар бояд аз тариқи  истифода аз   протеин, оҳан, руй, мева ва сабзӣ  ва ғизоҳое, ки шомили панҷ гуруҳи аслӣ ҳастанд тақвият шавад.Хоби  кофӣ, масрафи об ба мизони лозим ва надоштани стресс дар пешгирӣ аз резиши муй  муассир буда ва истифода аз шампунҳое, ки дар бозор таҳти унвонҳои мухталифи  дармонии резиши муй мушоҳида мешавад сирфан ҷанбаи таблиғотӣ ё рекламавӣ  дорад.

Истифода аз ин навъ шампунҳо ба далели  инки дорои  маводи доруие  ҳастанд,  ки барои рафъи ин навъ мушкил сохта шуданд барои аз байн бурдани шураҳо(ба русӣ "перхоть" ) ва хориш муфид аст.