Зарарҳои хушбукунандаҳои зидди арақи бадан
Муҳаққиқон эълом карданд, ки сардард, экзема(нороҳатии бинӣ), асма ва ҳатто мушкилоти қалбии кушанда метавонад аз ҷумлаи зарарҳои истифодаи хушбукунандаҳо ё спирейҳои зидди арақи бадан бошанд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Дейли Мейл, муҳаққиқон мегуянд буидани миқдори зиёди маводи кимиёи ҳосилшуда аз спирейҳои зидди арақи бадан метавонад кушанда бошанд.Ба рағми ҳушдори бархе коршиносон дар мавриди истифода накардани беш аз ҳад аз ин спирейҳо бархе назарсанҷиҳо нишон медиҳанд имрӯза 50 дарсад аз кудакони то синни 11- сола аз ин хушбукунандаҳо истифода мекунанд ва ба далели огоҳӣ надоштан мумкин аст беш аз ҳад онро ба кор мебаранд.
Марин Ҷингинз- мудири хадамоти клиникӣ дар маркази пизишкии алергияи Англия гуфт: Як нафар аз ҳар се бузургсол дар ин кишвар навъи бемории алергия ё ҳассосият, ки назири асма, егзима ё илтиҳоби бинӣ дорад ва ин нишонаҳо ба соддагӣ бо муҳсулоти атри кимиёи таҳрик мешаванд.
Вай афзуд: Ҳатто афроде ки алергия надоранд низ мумкин аст ба маводи кимиёӣ дар маҳсулоти ороишӣ ҳасосият дошта бошанд ва дучори вокунишҳои пустӣ, мушкилоти танаффусӣ, дилбеҳузурӣ ё сардард шаванд ва ҳангоме, ки аз спирейҳои зидди арақи бадан истифода шавад ин вокунишҳо шадидтар мешаванд.
Доктор Питер Дингол- донишманди улуми муҳити зист ва мутахассиси заҳршиносӣ дар шаҳри Перти Австралия дар ин маврид гуфт :Бар руи барчасби спирейҳои зидди арақ навишта шуда, ки дар муҳитҳои баста аз онҳо истифода накунед, аммо метавон гуфт ки бисёре аз мардум ҳангоми истифода аз спирейҳои зидди арақ ба хориҷ аз хона ё маҳалли дигар намераванд. Ҳатто мумкин аст ки дар ҳаммом бо дари баста аз ин спирейҳо истифода шавад,ки зараровар аст.