Июл 26, 2017 08:42 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи Имом Ризо (а) дар бораи хӯрдани себ

Себ, ки иштиҳоро маҳор мекунад, саршор аз хосиятҳост ва таъсири танзимкунандагӣ ба системаи ҳозима дорад.

Бархе мева ва ғизоҳо таъсири бештаре дар ҷисми башар доранд ва себ яке аз онҳост. Аммо Имом Ризо дар ҳадисе мефармоянд, себ барои ҷилавгирӣ аз заҳролудшавӣ ва девонагӣ, ки ба воситаи  мариз ба вуҷуд меояд ва балғаме, ки бар инсон ғалаба дошта бошад, фоидаовар аст.

Эшон дар охири ҳадисашон мефармоянд: чизе беҳтар ва нофеътар аз себ барои муолиҷа наёфтам.

Тавсияҳои тибби суннатӣ: Хосиятҳои шифобахши себ

Себ як меваи обдор ва тамизкунандаи бадан аст.

Себро метавон барои бартараф кардан исҳол, ҳатто барои кӯдакон истифода кард. Бад-ин манзур бояд пӯсти себро тарошида, истифода намуд. Себро метавон пухт ва онҳое, ки системаи ҳозимаашон мушкил дорад, метавонанд болои оташ себро нарм карда бихӯранд.

Себ беҳтарин дору барои дармони сулфа ва гирифтагии садо мебошад.

Себ дорои миқдори зиёди калсий аст ва калсийи себ ба бадан кӯмак мекунад, ки калсийи ғизои дигарро низ ҷазб кунад.

Хӯрдани себ гирифтагиро бартараф мекунад ва барои хастагии аз ҳад зиёд муфид аст.

Чойи барги дарахти себ идроровар аст ва илтиҳоби гурдаву масонаро шифо мебахшад.

Нӯшидани оби себ дармони муассире барои сармхӯрдагӣ ва гирифтагии садову сулфа аст.

Себ қавикунандаи ҷигар ва иштиҳоовар аст.

Себ барои дармони нафастангӣ бисёр муфид аст, ҳатто бӯйи он низ ин хосиятро дорад.

Себи пухташуда тақвияткунандаи меъда, ҷигар ва дафъкунандаи савдову самуми бадан аст.

Себ ҳарорати баданро рафъ месозад.

Себи пӯсткардашударо дар дока гирифта, рӯйи чашм гузоред, дарди чашмро бартараф мекунад.

Хӯрдани себ ҳатто барои онҳое, ки бемории қанд доранд, муфид аст, чун қанди хунро боло намебарад.

Касоне, ки мехоҳанд лоғар шаванд, ҳатман бояд себро бо пӯсташ бихӯранд.

Чойи гули себ барои сулфа ва таварруми роҳи нафас шифобахш аст.

Себ доруи хубе барои захмҳо мебошад.

Себ беҳтарин дору барои ҳал кардани ғизо аст, зеро дорои миқдори зиёди пектин мебошад.

Оби себро ҳатто метавон барои нуқъа истифода кард. Ин гуна нуқъа барои беморҳои рӯда бисёр муассир аст.

Пӯсти себро чой карда биошомед, зеро ин гуна чой барои гурда муфид аст.

Оби себро бо дастгоҳи афшуратайёркунӣ бигиред ва фавран онро бинӯшед, зеро агар он фавран нӯшида навад, ферментҳои худро гум мекунад.

Оби себ барои зебоии пӯст бисёр истифода мешавад, бахусус барои аз байни бурдани чину ожанги пӯст  муассир аст. Бад-ин манзур оби себро субҳу шаб рӯйи пӯсти гардан ва сурат бимолед ва пӯстро масҳ бикашед.

Барчасп