Нигоҳи мусбат хатари бемориҳои қалбиро коҳиш медиҳад
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i20982-Нигоҳи_мусбат_хатари_бемориҳои_қалбиро_коҳиш_медиҳад
Муҳаққиқон эълом карданд, ки нигоҳи мусбат ба бемориҳои қалбӣ-рагӣ аз марги вобаста ба ин бемориҳо мекоҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 02, 2017 13:59 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳи мусбат хатари бемориҳои қалбиро коҳиш медиҳад

Муҳаққиқон эълом карданд, ки нигоҳи мусбат ба бемориҳои қалбӣ-рагӣ аз марги вобаста ба ин бемориҳо мекоҳад.

Ба гузориши  Райтер мутолиаи нави муҳаққиқон нишон медиҳад, ки  касоне,ки бемории дил доранд ва аз  ибтило ба ин беморӣ  камтар ғамгин  шудаанд ва дар айни  ҳол нигоҳи  мусбат ба раванди  дармонии худ  доранд бештар аз ашхосе, ки нигоҳе манфӣ ба бемории худ доранд умр мекунанд.

Муҳаққиқон гуфтанд нигоҳи мусбат  нақше асосиро дар коҳиши  хатарҳои баъдии гирифторӣ ба  бемориҳои  қалбӣ-рагӣ  ифо мекунад.

Дар ин байн инигоҳи мусбат ҳатто  ба афзоиши  мизони руйи овардани  фард ба варзиш низ  таъсиргузор  аст ва ононро  ба анҷом додани  ҳаракоти варзишии муназзам водор  мекунад.

Як ҳамлаи қалбӣ замоне рух медиҳад, ки  як минтақа аз мушаки қалб ба иллати нарасидани оксигени кофӣ ба он маҳал  садама  мешавад.

Бештари   ҳамалоти қалбӣ ба воситаи  вуҷуди  як лахта хун дар яке аз рагҳои  коронер ( рагҳои  хунӣ, ки хун ва оксигенро ба мушакҳои  қалб  мерасонанд) ва баста шудани  он эҷод мешавад.

Гоҳе   стресси шадиди ногаҳонӣ метавонад як ҳамлаи  қалбиро шуруъ кунад.

Аз ҷумлаи  омилҳои  хатарсоз барои дучор шудан  ба бемории раги  коронер метавон ба сигор кашидан, фишори хуни зиёд, равғани  зиёд, режими  ғизоии номуносиб, контроли номуносиби  таркиби  хун ва касалии  қанд  хун ишора кард.