Август 13, 2017 09:44 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои Имом Ризо (с) дар бораи хурмо

Хурмо, аз назари пизишкӣ, бисёр боарзиш аст, дини мубини Ислом хурморо аз ҷумлаи муҳимтарин меваҷот қарор додааст.

Паёмбари Ислом (с) ҳам борҳо аз ин мева ба некӣ ёд кардаанд.

Дарахти хурмо хосияти бешуморе дорад ва метавон гуфт, аз тамоми қисматҳои ин дарахт метавон истифода кард. Дар як зарбулмасали арабӣ гуфта мешавад, ки хосиятҳои дарахти хурмо ба андозаи тамоми рӯзҳои сол аст.

Имом Ризо мефармоянд: бар шумо бод хурмои барнӣ, зеро хастагиро аз миён мебарад, дар баробари сӯзи сармо гарм медиҳад, дар баробари гуруснагӣ сер мекунад ва дар он ҳафтоду ду боби шифост.

Имом дар ривоёти дигаре мефармоянд: хурмо ба унвони омили тақвияти бадан ва биноию шунавоӣ, боиси наздикӣ ба Худо ва ҳазмкунандаи ғизо баршумурда шудааст.

Имом Ризо ба нақл аз Алӣ бини Абитолиб фармуданд: Ҷабраил назди Паёмбар (с) омада гуфт: бар шумо бод ба хӯрдани хурмои барнӣ, зеро он беҳтарин навъи хурмои шумост; шуморо ба Худо наздик ва оташро аз шумо дур мекунад.

 Хусусиятҳои дармонии хурмо

Хурмо меваи энержизо ва саршор аз мавод ҳаётӣ аст, бад-ин лиҳоз як меваи тақвияткунандаи мағзу асабҳо ва андомҳои мухталифи бадани инсон буда, ғизои лозимро дар сохтусози бадан ва талошу фаъолият таъмин мекунад.

Бахши умдаи хурморо маводи қандӣ ташкил медиҳад, ки баъд аз вуруд ба меъда билофосила аз тариқи рӯдаҳо ҷазби бадан шуда, сарфи тавлиди энержӣ мешавад.

Хусусиятҳои доруии хурмо

Пажуҳишгарон мегӯянд, хӯрдани хурмо ба танҳоӣ ё ҳамроҳ бо ғизои ширӣ ё худи шир барои рафъи хастагии аз ҳад зиёд, хоса хастагии зиёди баъди рӯзадорӣ ё фаъолиятҳои сангин бисёр муфид аст.

Хурмо нахе дорад, ки нақши он дар коҳиши чарбу ва таъмини протеин бисёр муассир аст.  

Ҷадидтарин таҳқиқоти илмӣ баёнгари муассир будани хурмо дар рафъи хушунати афрод ва мояи оромиши рӯҳии онон аст.

Ба иллати вуҷуди моддаи луобмонанде дар хурмо оромкунанда сулфа мебошад ва нороҳатиҳои қафаси синаро рафъ мекунад. Барои ин кор ҷӯшондани 50 грамми он дар ним литр лозим аст, то оби ширине таҳия шавад ва он барои синадард муфид аст.

Танзимкунандаи фишори хӯн аст; метавонад дар беҳбудӣ бахшидани фалаҷи аъзо, миёндард ва нороҳатиҳои мафосил муассир бошад.

Чойи хурмо бо шамбала барои рафъи табу балғам муфид аст.

Шири  бо хурмо омехтакардашуда дар боло бурдан ва тақвияти нерӯи ҷинсӣ бисёр муассир аст.

Ҳастаи хурмо барои аз байни бурдани таварруми пилки чашм асари муъҷизаосо дорад. Ба ин манзур маводи ороиши чашмон аз ҳастаи хурмо дуруст карда шуда, онро рӯйи чашми мегузоранд, зеро барои рушди мижжаҳо низ беҳтарин доруст.

Мубталоёни диабети  қанд метавонанд ба ҷойи қанд аз хурмо истифода кунанд, зеро магнийи мавҷуд дар хурмо кори  гурда ва ғадудҳои зери меъдаро осон мекунад.

Ин мева ба хотири доштани магний зиддисаратонӣ буда, ҳамчунин барои шунавоӣ, беноӣ, дарди миён, пайванддард, радикулит ва дармони сина муфид буда, фаъолияти фикриро тақвият медиҳад.

Масрафи зиёди хурмо метавонад дар ростои пешгирӣ аз саратон муассир бошад.

Хурмо тезоби изофии меъдаро хунсо карда, барои солмандону кӯдакон бисёр судманд аст.

Мегӯянд,  хурмои бо шир ҷӯшодинашуда синаро нарм, гурдаҳоро дармон ва аз илтиҳобу амрози гузарандаву резиши мӯй ҷилавгирӣ мекунад.

Дар баъзе китобҳои тибби суннатӣ аз хурмо ба унвони мевае ёд шуда, ки хунро меафзояд ва барои афроди заифмизоҷ бисёр муфид аст.

Керенский дар китобе, ки дар бораи хурмо навишт, мегӯяд, миқдоре аз ғизои хурмо нисбат ба қанд ба маротиб камтар аст, вале арзиши ғизоии хурмо аз қанд бештар аст, зеро қанди мавҷуд дар хурмо қанди зинда аст.

Дар замонҳои қадими ҳамвора хурморо барои қудрату энержӣ ба кор мебурданд ва ҳанӯз беҳтарин мева барои бозёфтани энержию қудрати ҷавонӣ аст. Гули хурмо низ хосияти доруӣ дорад.

 

Барчасп